0.0/5 овоз (0 овозҳо)

РОҲҲОИ ТАШАККУЛ ВА УСУЛҲОИ ТАҲҚИҚИ ИСТИЛОҲОТ ВА НИЗОМИ ИСТИЛОҲОТ ДАР ЗАБОН

Муаллиф (он)

Исматуллозода Ш., Ҳамидова М.А.

Чакидаи мақола

Роҳҳои ташаккул ва усулҳои таҳқиқи истилоҳот ва низоми истилоҳот дар забон ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Роҳҳои ташаккули истилоҳоти ин ё он соҳаи муайяни илму дониш, маъмулан бо роҳҳои ташаккули воҳидҳои луғавии забони миллӣ айният ва  мувофиқати  том доранд. Аз як низоми истилоҳот ба дигар низоми истилоҳот иқтибос шудани истилоҳҳо, аз ҷумла бо роҳи метафора тағйир додани маънои аввалаи истилоҳҳо, дар чор шакл ҷараён мегирад: иқтибос кардани истилоҳи ҷудогона; иқтибос кардани як қисми истилоҳот, пурра иқтибос кардани як маҷмуи истилоҳҳо; иқтибос кардани усули сохтани истилоҳот ва низоми истилоҳот. Таъкид гардидааст, ки барои он ки низоми истилоҳӣ ташаккул ёбад, бояд шароитҳои зерин вуҷуд дошта бошанд: соҳаи махсус, ки ҳудудаш ба таври дақиқ муайян карда шудааст; низоми мафҳумҳои куллии мансуб ба ин соҳа; назарияи мукаммали илмие, ки ин соҳаро тасвир карда, тамоми низоми мафҳумҳои онро бо пуррагӣ фаро гирифтааст; забони муайяни миллӣ ва забони махсуси дар қолаби ин забони миллӣ ташаккулёфта. Дар омӯзишу таҳқиқи таркиби низоми истилоҳӣ чанд усули муносибат бо мавзуъро  истифода бурдан  мумкин аст: усули муносибати мантиқӣ, усули забоншиносӣ, усули истилоҳшиносӣ. Хулоса шудааст, ки низоми истилоҳӣ – як низоми мураккабу серқабата буда, аз вожаву ибораҳое иборат аст, ки онҳо вазифаи истилоҳҳо – унсурҳои низоми истилоҳотиро иҷро мекунанд. 

 

Калидвожаҳо

ислоҳот,низоми истилоҳот, иқтибосоварӣ, усули муносибати  мантиқӣ, усули забоншиносӣ, усули истилоҳшиносӣ, калима

Пайнавишт

1.         Антонова М.В. Концептуальная структура отраслевой терминологии// Научно- техническая терминология, 1985, вып.10.- С. 9-13.

2.         Даниленко В. П. Русская терминология: Опыт лингвистического описания. – Москва: Наука, 1977. – С.246.

3.         Интеграция наук и унификация научно-технических терминов // Вестник АН СССР. – 1980.- № 8. – С.40-41.

4.         Қосимова М. Н. Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик. – Душанбе, 2003 –С.112.

5.         Лейчик В. М. Терминоведение: Предмет, методы, структура. –Москва: Либроком, 2009. – 256 с.

6.         Султон Мирзо Ҳасан. Вожаву истилоҳоти илми нуҷум дар «Ат-тафҳим»-и АбурайҲони Берунӣ // Адаб. – 1998. - № 1-3. - С. 19-20.

7.         Чернышевский Н. Г. Полн. собр. соч. – Т.IX.. – М.: ОГИЗ, 1949. – 787с.

8.         Федорченко Е. А. Становление и развитие терминологической лексики таможенного дела в русском языке. – Москва: МГОУ, 2004. –С. 247

Таърихи нашр

Четверг, 18 Май 2023