- ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳои илмӣ, тақризҳо, обзорҳои илмии қаблан дар наш­рияҳои чопию электронӣ нашрнашударо барои баррасию нашр қабул мекунад, ки ғояҳои илмӣ, натиҷаю дастовардҳои тадқиқоти бунёдии назарию амалиро оид ба соҳаҳои дониш дар улуми таърихшиносӣ, фалсафа ва филология дарбар гиранд;

- қарор дар бораи нашр ё радди нашр дар асоси муҳиммият, навоварӣ ва аҳамияти илмии маводи пешниҳодгардида қабул карда мешавад;

- муаллифон (ҳаммуаллифон) масъулияти саҳеҳии иттилооти илмии пешни­ҳодгардида ва ҳамаи додаҳоеро, ки мақола, обзорҳо ва тақризҳо дар бар мегиранд, ба зимма доранд;

- ҳамаи маводи ба идораи маҷалла омада ҳатман дар сомонаи antiplagiat.ru мавриди тафтиш қарор мегиранд, сипас ҳайати таҳрир муаллифон (ҳамму­аллифон)-ро дар бораи натиҷаи арзёбии дастнавис ва ба тақризи минбаъда қабул шудани мавод ё радди пешниҳоди он ба тақриз огоҳ мекунад;

- мақола, обзор ва тақризҳои ба идора омада дар суръати ҷавоби мусбат баъди тафтиш дар сомонаи antiplagiat.ru ба мақсади арзёбии онҳо аз ҷониби мутахассисони пешбари соҳаҳои дахлдори илм ба тақризи дохилӣ ирсол мегарданд;

- мақолаҳои ба тақризи дохилӣ пешкашшуда бояд пурра тибқи талаботе, ки дар сомонаи маҷалла: www.vestnik.tjзикр гардидаанд, таҳия карда шаванд;

- агар дар тақриз оид ба ислоҳу такмили мақола тавсияҳо пешниҳод шуда бошанд, ба муаллиф эроду мулоҳизаҳои муқарриз (бе сабти ному насаби ў) барои такмилу ислоҳи мавод ирсол мешавад;

- муаллиф маводи такмилдодаро ба идораи маҷалла мефиристад ва идора онро якҷоя бо ҷавоби муаллиф тибқи ҳар моддаи эродҳо ба тақризи такрорӣ мефиристад.

- ҳайати таҳрир ба таҳрири мақола бидуни тағйир додани мўҳтавои илмии он ҳақ дорад. Хатоҳои имлоию услубиро мусаҳҳеҳ бидуни мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) ислоҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ислоҳҳо бо муаллиф (ҳаммуаллифон) мувофиқа карда мешавад;

- варианти барои такмил ба муаллиф (ҳаммуаллифон) фиристода бояд дар мўҳлати муқарраргардида, баъди ворид сохтани ислоҳу тағйирот дар намудҳои электронӣ ва чопӣ ба идора баргардонда шавад;

- мақолаҳое, ки ба чоп қабул нашудаанд, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) баргардонда наме­ша­ванд. Дар мавриди радди чопи мавод идораи маҷалла ба муаллиф (ҳаммуаллифон) раддияи мудаллал ирсол мекунад;

- тибқи дархости шўроҳои коршиносии КОА ВМИ ФР идораи маҷалла ба онҳо тақризҳоро пешниҳод мекунад.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо (обзорҳо, тақризҳо), ки ба маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» барои чоп ирсол мегарданд

1. Барои ҷойгир кардан дар маҷалла мақола, тақриз ва обзорҳои илмӣ тибқи ихтисосҳои илмии 07 00 00 – илмҳои таърих ва археология; 09 00 00 илмҳои фалсафа; 10 00 00 илмҳоифилология, ки қаблан дар ҳеч ҷой чоп нашудаанд, қабул мегарданд.

2. Муаллифон ба идораи маҷалла ҳатман бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

- матни мақола ба забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳатталимкон бо тарҷумаи русӣ) ё забони тоҷикӣ, ки дар гунаи чопии он муаллиф (ҳаммуаллифон) имзо гузоштаанд;

- тақризи доктор ё номзади илм, ки ба он шўъбаи кадрҳои ҷои кори муқарриз мўҳр гузоштааст;

- маълумотнома аз ҷои таҳсил (барои аспирантҳою магистрантҳо)

- гунаи чопии ҳуҷҷатҳо ба идора ба суроғаи зерин ирсол мешавад: 735700, ҶТ, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои 1, ДДҲБСТ, бинои асосӣ, утоқи 307

Гунаи электронии мақола ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">vestnik-tsulbp@mail.ruирсол мешавад. Телефон барои маълумот: 8 (3422) 2-05-63; суроғаи сомона www.vestnik.tj

Тибқи талаботи КОА ВМИ ФР мақола бояд унсурҳои зеринро дарбар гирад:

- индекси УДК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);

- индекси ББК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);

- ному насаби пурраи муаллиф (ҳаммуаллифон) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

- унвони илмӣ, дараҷаи илмии муаллиф (ҳаммуаллифон), ном ва рамзи ихтисоси илмӣ (тибқи номгўй), ки тадқиқот тибқи он сурат мегирад, ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

- аспирантон унвонҷўён, муаллифон, докторантҳо номи кафедра ва муассисаи илмиро (магистрантҳо – самти тайёриро) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисӣ зикр мекунанд;

- зикри мансаб, ҷои кор, шаҳру мамлакат ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисӣ;

- e-mail;

- номи мақола ба забонҳои русию англисӣ, ё тоҷикию русию англисӣ (бо ҳарфҳои калон, ҳуруфи TimesNewRoman 14 ё TimesNewRomanTJ14, тароз дар марказ);

- чакида ба забонҳои русию англисӣ (ҳуруфи TimesNewRoman), аз 100 то 250 вожа бо сабти мақсаду вазифаи таҳқиқ, баёни мухтасари кор ва хулосаҳои асосие, ки навоварии илмии корро дар бар мегирад;

- вожаҳои калидӣ ба забонҳои русию англисӣ оварда мешаванд (5-7 калима ё ибора, ки ду ё се вожаро дарбар мегирад; ҳуруфи TimesNewRoman 14, тарҳаш – курсив, тароз дар бар, вожаҳои ё ибораҳои калидӣ бо вергул аз ҳам ҷудо карда мешаванд);

- ба мақола ҳатман номгўи маохизи мавриди истифода бо зикри танҳо сарчашмаҳои иқтибосгардида замима мешавад; Рўйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчаш­маи истифодашуда навишта мешавад. Ҳангоми навиштани рўйхати мазкур тартиби ҳуруфи алифбо ва талаботи ГОСТ бояд риоя шавад;

- иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўи рўйхати сарчаш­маҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд;

- матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.

Мақолаҳое, ки ба идораи маҷалла бо нақзи талаботи мазкур ирсол мегарданд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Масъулияти салоҳият, боэътимодии аснод ва мўҳтавои мақолот бар дўши муаллифон ва муқарризон мебошад