Шокиров ТуғралСироҷович (тав. 04.02. 1953, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафурови вил Суғд, Тоҷикистон )- олим, забоншинос, (1986), доктори илмҳои филологӣ (2012), профессор (2003), академики Академияи  табиатшиносии Россия (2012), полковники милитсия(2013), «Аълочии милитсияи Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»(2012), Ходими шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия(2012), аз оилаи коргар.

Соли 1974  факултаи  филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. То соли 1983 муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири илмӣ, муҳаррири калони илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ)  буд. Солҳои 1983-1986 аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин, 1986-1987 муҳаррири калони илмии ЭСТ, 1987-1992 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, март-сентябри 1992 дотсенти ҳамин донишгоҳ. 

Аз октябри 1992 то майи 1993 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,1993-1995 муовини декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур, марти 1995-майи 1997 сардори кафедраи улуми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, майи 1997-марти 1999 Сардори қисми таълим, марти 1999-июни 2002 муовини аввали сардори филиали Хуҷандии Академияи ВКД ҶТ оид ба қисми таълиму илм, июни 2002-октябри 2003 профессори кафедраи улуми иҷтимоииёту иқтисодиёт, октябри 2003-2012 муовини аввали  Сардори филиали Хуҷандии Академияи ВКД ҶТ ва дар як вақт профессори муштараквазифаи (аз 2003- то имрўз) кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Fафуров буд. Солҳои 2012-2017 мудири кафедра, аз октябри 2017 профессори ҳмин кафедраи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсти Тоҷикистон(ДДҲБСТ) аст.

Соли 1986 дар мавзўи «Хусусиятҳои забон ва услуби асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» рисолаи номзадӣ, соли 2011 дар мавзўи «Пайдоиш ва инкишофи истилоҳоти ҳуқуқ дар забони тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Дар соҳаҳои илму фарҳанг, таълим, таърих, ҳифзи ҳуқуқ хизмат намуда, дар давоми фаъолияти худ  26 китоб( 14 рисола,  8 дастури таълим, 4 луғат), бештар аз ҳазор асару мақола ба табъ расонида, муҳаррири расмии қариб 80 асари илмӣ, илмию оммавӣ ва дастуру таълимномаҳост.

Асосгузори юрислинвистикаи тоҷик мебошад.

Узви 2 Шӯрои диссертатсионии Тоҷикистон, Шӯрои диссертатсионии Россия ва Шӯрои диссертатсионии байналмилалии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар назди Президенти Ӯзбекситон, ҳайати мушовараи маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия.

Асарҳояш асосан ба  масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, юрислингвистика ва лингвоюристика оиданд.

Осораш дар Тоҷикистон, Русия, Украина, Ўзбекистон, ШМА, Германия, Эрон ва Афғонистон  ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ўзбекӣ, форсӣ, дарӣ  чоп шудаанд. Иштирокчии бештар аз 100 конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналхалқист.

Аз 1982 узви Иттифоқи Журналистони ИҶШС. Соли 1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизмати ҳарбӣ кардааст, ҷанговари байналмилалист.

Бо медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии ИҶШС (1987) ва медали Ҷумҳурии Афғонистон (1988), медалҳои «75-солагии милитсияи тоҷик» (2000), «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон»(2003), «80-солагии милитсияи тоҷик»(2005),ордени байналмилалии «Барои илм ва меҳнат»(2014; Германия-Россия-Англия) ва ифтихорномаҳо  мукофотонида шудааст.

Барандаи ҷоизаи вилояти Суғд ба номи  академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм(2014) барои китоби “Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ”, ҷоизадори «Медали тилло»-и намоишгоҳҳоикитоби  Русия(2017), Германия(2018), Франсия(2018), Испания(2019).