Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» аз соли 1999 чоп мешавад. То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «ҳуқуқшиносӣ», «иқтисодиёт», «сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «улуми ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «филология», «усули таълим», «тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд. Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду силсила – силсилаи улуми ҷомеашиносӣ ва силсилаи улуми гуманитарӣ тақсим шуд.

Барои тадкиқоти гуманитарии муосири сатҳи ҷаҳонӣ ду нукта аҳамияти вижа дорад:

1.    Характери амалии тадқиқот

2.    Муносибати байни фаннӣ дар интихоби мавзўъ ва усули тадқиқ. Дар олами улуми гуманитарӣ донишҳои илмии беш аз ҳама матлуб мебошанд, ки бо ёрии онҳо беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии одамони мушаххас, қарияҳои мушаххас, гурўҳҳои фарҳангии мушаххас, этносу мазҳабҳо имконпазир аст. Рушди мутаносиби ҷамъият новобаста аз он ки ба кадом соҳаи ҳаёт тааллуқ надорад, ҳамчунин ба ташкилаи гуманитарӣ марбут мебошад. Донишу маърифати гуманитарӣ махсусан дар ташаккули шахсияти ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанг ва шаклгирии мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ аҳамияти хоса дорад.

Самтҳои умдаи нашрияҳои «Ахбори ДДЊБСТ» инъикоси таҳқиқоти нави илмиро дар соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ, фалсафа, адабиётшиносию забоншиносӣ дар бар мегирад. Дар назди ҳайъати таҳрир ва шўрои таҳрири маҷалла вазифаи муҳими зерин меистад: нигоҳ доштани сатҳи баланди илмии маводи нашршаванда, ки дар онҳо масоили доѓи мамлакати мо ва олами омуосир инъикос ёбанд ва шомили ѓояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди илму маърифат мусоидат мекунанд. Дар нашрияҳои маҷалла нақши рўзафзуни улуми гуманитарӣ дар таҳияи мутахассисони баландихтисос инъикос меёбад.

Ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳои илмиеро нашр мекунад, ки ба ҳалли масоили амалии гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Дар онҳо истифодаи усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумлаи шартҳои ҳатмии нашри мақолаҳо мебошад. Дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир, донишҳои гуманитарӣ фавқулода калон мебозад.

Барои насли наврас донистани асли худ, таърихи ватану ҷаҳон дорои аҳамияти бузург аст. Бино бар ин, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии аслӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рўи масоили аз ҳама муҳимтарини таърихи ватан, бостоншиносӣ, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ нашр мегарданд, ҳамчунин чопи ҳуҷҷатҳои бойгонии қаблан ба муомилоти илмӣ вориднагардида ба субут мерасад.

Дар соҳаи фалсафа мақолаҳои мутахассисони ватанию хориҷӣ дар риштаи таърих ва фалсафаи илм, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, фалсафаи ҳуқуқ, этика ва дигар соҳаҳои улуми фалсафӣ чоп карда мешаванд.

Дар соҳаи филология мақолаҳои забоншиносие ба нашр мерасанд, ки вижагиҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодшиносӣ, таърихшиносӣ, этнографияю этнологӣ ва дипломатӣ доранд. Дар онҳо масъалаҳои мухталифи забоншиносӣ, аз қабили вижагиҳои лексикию семантикӣ, сохторию семантикӣ, сарфӣ, наҳвӣ муқоисавию типологӣ, решашиносӣ ва дигар хусусиятҳои забонҳои мухталиф, аз ҷумла гурўҳи забонҳои форсӣ, романиву германӣ ва славянӣ, ҳамчунин таъсири мутақобилаи Аҷаму Араб дар сатҳҳои гуногуни забонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Маҷалла ба феҳристи маҷаллаю нашрияҳои илмии пешбарандаи тақризшавандаи Федератсияи Русия дохил мешавад, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии диссертатсияхо барои дарёфти унвони илмии доктори илмҳо нашр гардад.