Талабот ба таҳияи мақолаҳо (обзорҳо, тақризҳо), ки ба маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» барои чоп ирсол мегарданд
1. Шартҳои нашри мақола:
· Барои нашр дар маҷалла мақолаҳои илмӣ, обзор ва тақризҳои пештар дар ҳеҷ ҷо нашр нагардида қабул мешаванд. Ба маҷалла бояд тадқиқоти мустақил ва ба охиррасидае ба нашр пешниҳод шавад, ки аз томияти дохилии тадқиқи мақолаи муҳимми марбут ба инъикоси муаммоҳои мубрам ва самтҳои ояндадори илмҳои филологӣ ва таърих дар сатҳи байналхалқӣ ва миллӣ бархурдор бошад, дорои навгонӣ аст, гузоришу ҳалли масъалаҳо (муаммоҳо)-ро дар бар мегирад; натиҷаҳои асосии таҳқиқро мунъакис мегардонад ва ба қоидаҳои барасмиятдарории мақолаҳо мутобиқ аст.
· Ба қоидаҳои ба расмиятдарории мақолаҳо мувофиқат кунад.
2. Қоидаҳои ба расмиятдарории мақола:
· мақола дар шакли чопӣ ва дар ҳомили электронӣ (тавассути e-mail ё дар флешка) дар формати MicrosoftWordА4, бо шрифти Times New Roman, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5, қолаббандӣ тибқи паҳно; ҳошия 20 мм пешниҳод карда мешавад. Ҳаҷми мақола: то 20 саҳифа барои аспирантону унвонҷӯён, ҳамчунин барои муаллифоне, ки дорои унвони номзад ё доктори илмҳо мебошанд;
· ба мақола чакида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ҳаҷми аз 100 то 150 калима, ки муҳтавои асосии мақола ва натиҷаҳои тадқиқотро инъикос мекунанд, ҳамчунин 7-8 вожаҳо ва ибораҳои калидӣ бо забонҳои зикршуда замима мегардад;
· дар мақола бояд ҳаволаҳо ба сарчашмаҳои мавриди истифода мавҷуд бошанд (камаш панҷ сарчашма), ки тибқи феҳристи сарчашмаҳои дар охири он оварда дар қавсайн сабт мешаванд.
· пайнавишт бояд тибқи тартиби иқтибосоварӣ аз сарчашмаҳо ба расмият дароварда шавад; зикр намудани маълумоти китобшиносӣ ҳатмӣ аст.
· ба мақола маълумот дар бораи муаллиф (он): ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, мансаб, ҷойи кор (ҷойи таҳсил ё унвонҷӯйӣ), телефонҳо барои тамос, e-mail, индекси почта ва суроға бо забонҳои русиву англисӣ замима мегардад.
· муаллиф бояд матни мақоларо бо диққат мутолиа намуда, имзо намояд; масъулияти сатҳи илмиву назарии маводди мавриди нашр ба дӯши муаллиф ва муқарриз аст.
· Агар мақола ба қалами якчанд муаллиф, вале на бештар аз се муаллиф мансуб бошад, баъди аннотатсия ва калидвожаҳои охирин зикри саҳми мушаххаси ҳамаи муаллифон ҳатмист.
3. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба мақола:
· матни мақола дар коғаз ё ҳомили электронӣ (барои муаллифони хориҷӣ дар ҳомили электронӣ) ба идораи маҷалла ба суроғаи зерин ирсол мегардад: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, хонаи №1, ДДҲБСТ -котиби масъули маҷалла Ҳакимова Башорат, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
· муаллифон ҳамчунин тақризи имзокардаи муқарриз ва бо муҳри муассиса тасдиқкардаро, ки муҳиммияти масъала ва саҳми муаллифро дар ҳалли проблемаи мавриди таҳқиқ инъикос мекунад, ирсол менамояд; дар тақриз ҳамчунин бояд тавсия дар бораи чопи мақола дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» мавҷуд бошад.