Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» аз соли 2000 чоп мешавад. Сараввал он «Ахбори ДДҲБСТ.Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» ном дошт ва ба силсилаҳо ҷудо шуда набуд. Аз моҳи июни соли 2011 маҷалла ба Феҳристи нашрияҳои КОА ВМИ ФР ва аз соли 2018 ба Феҳристи нашрияҳои КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст, ки дар он натиҷаҳои илмии асосии диссертатсияҳо барои дарёфти унвони илмии номзад ва доктори илм нашр мегарданд.
То моҳи январи соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо дар бахшҳои «Ҳуқуқшиносӣ», «Иқтисодиёт», «Сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «Илмҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «Филология», «Усули тадрис», «Тақриз ва китобиёт» чоп мешуданд.
Аз моҳи январи соли 2015 мувофиқи замимаи №1-и фармони ВМИ ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду қисм: “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ” ва “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ” тақсим шуд. Айни замон дар силсилаи илмҳои гуманитарӣ мақолаҳо дар бахшҳои “Илмҳои таърих“ ва “Филология” (адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ) нашр мешаванд.
Аз моҳи январи соли 2024 маҷалла дар шакли электронӣ нашр мешавад. Ба мақолаҳои нашршаванда рақами DOI дода мешавад. Маҷалла дар ШИИР (РИНЦ) индексатсия мешавад, ҳамчунин аз ҷониби комиссияи коршиносони КОА ВМИ ФР дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмии Русия оид ба иқтисодиёт, сиёсат ва ҳуқуқ дар соҳаи илму техника (РИЭПП) ҳар сол арзёбӣ мегардад.
Барои тадкиқоти гуманитарии муосири сатҳи ҷаҳонӣ ду нукта аҳаммияти вижа дорад:
1. Характери амалии тадқиқот
2. Муносибати байнифаннӣ дар интихоби мавзуъ ва усули тадқиқ.
Дар олами улуми гуманитарӣ донишҳои илмие беш аз ҳама матлуб мебошанд, ки бо ёрии онҳо беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии одамони мушаххас, қарияҳои мушаххас, гурӯҳҳои фарҳангии мушаххас, этносу мазҳабҳо имконпазир аст. Рушди мутаносиби ҷамъият новобаста аз он ки ба кадом соҳаи ҳаёт тааллуқ дорад, ҳамчунин ба ташкилаи гуманитарӣ марбут мебошад. Донишу маърифати гуманитарӣ махсусан дар ташаккули шахсияти ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанг ва шаклгирии мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ аҳаммияти хоса дорад.
Самтҳои умдаи нашрияи «Ахбори ДДЊБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» инъикоси таҳқиқоти нави илмиро дар соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ ва адабиётшиносию забоншиносӣ дар бар мегирад. Дар назди ҳайъати таҳрир ва шурои таҳрири маҷалла вазифаи муҳимми зерин меистад: нигоҳ доштани сатҳи баланди илмии маводди нашршаванда, ки дар онҳо масоили доғи мамлакати мо ва олами муосир инъикос ёбанд ва шомили ғояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди илму маърифат мусоидат мекунанд. Дар нашрияҳои маҷалла нақши рўзафзуни улуми гуманитарӣ дар таҳияи мутахассисони баландихтисос инъикос меёбад.
Мақсади ҳайъати таҳрири маҷалла нашри мақолаҳои илмие мебошад, ки ба ҳалли масоили амалии гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва олимон онҳоро бо ёрии усулҳои муосири илмӣ ҳаллу фасл менамоянд. Дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир, донишҳои гуманитарӣ нақши фавқулода калон мебозанд.
Барои насли наврас донистани асли худ, таърихи ватану ҷаҳон дорои аҳаммияти бузург аст. Бинобар ин, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмии аслӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рўи масоили аз ҳама муҳимтарини таърихи ватан, бостоншиносӣ, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ нашр мегарданд, ҳамчунин чопи ҳуҷҷатҳои бойгонии қаблан ба муомилоти илмӣ вориднагардида ба субут мерасад.
Дар соҳаи филология мақолаҳои забоншиносие ба нашр мерасанд, ки вижагиҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодшиносӣ, таърихшиносӣ, этнографияю этнологӣ ва дипломатӣ доранд. Дар онҳо масъалаҳои мухталифи забоншиносӣ, аз қабили вижагиҳои лексикию семантикӣ, сохторию семантикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, муқоисавию типологӣ, решашиносӣ ва дигар хусусиятҳои забонҳои мухталиф, аз ҷумла гурӯҳи забонҳои форсӣ, романиву германӣ ва славянӣ, ҳамчунин таъсири мутақобилаи Аҷаму Араб дар сатҳҳои гуногуни забонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.