0.0/5 овоз (0 овозҳо)

РАВАНДИ ЭҶОД ДАР РОМАНИ СОТИМ УЛУҒЗОДА «ФИРДАВСӢ»

Муаллиф (он)

Мурувватиён Дж. Дж.

Чакидаи мақола

Сабабҳои ба романи филологӣ мансуб донистани романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Тавсифи мухтасари меъёрҳои романи филологӣ пешниҳод гардидааст. Ақидае зикр шудааст, ки романи “Фирдавсӣ”-ро тибқи меъёрҳои зерин романи филологӣ номидан мумкин аст: дар он сухан дар бораи раванди таълифи шоҳасари манзум “Шоҳнома” меравад, қаҳрамони асосии роман – филолог, шахсияти эҷодкор мебошад, ки ба олам диду назари хос дорад, аз озодии ботинӣ бархурдор аст, ба донистани асрори эҷодиёту илҳом ҷидду ҷаҳд мекунад. Зикр шудааст, ки қаҳрамони асосӣ – шоир Фирдавсӣ аз вазъи сиёсӣ ва завқи ҷамъият ботинан мустақилу озод аст. Ангезаи асосии асар раванди эҷод мебошад. Муаллифи роман мулоҳизаҳояшро дар бораи эҷодиёт чун ифодаи озодии инсон баён мекунад. Барои ӯ ва инчунин барои қаҳрамони асосӣ эҷодиёт – озодӣ аст. Роман дар адабиёти тоҷик яке аз асарҳои навоварона буд, маъруфияти махсус касб кард ва дар умум сазовори арзёбии мусбати мунаққидон гардид. Мунаққидон зикр кардаанд, ки дар роман образҳои дурахшону ба худ хос офарида шудаанд. Китоб дар мавзӯи эҷод, тавсифи психологии “механизм”-ҳои раванди эҷодиёт бахшида шудааст, дар он масъалаи моҳияти эҷодиёт баррасӣ мешавад. Эҷодиёт диққати мутафаккирони ҳамаи замонҳоро ҷалб кардааст. Дар роман вазифаи калон – ба ҳам пайвастани таърихи ҳаёти қаҳрамон – шоир бо таърихи халқи тоҷик гузошта шудааст, вале пасманзари асосии он на таърих, балки раванди эҷод – кори тамоми умри эҷодкор ба шумор меравад. Консепсияи мазкур –санъаткор ва таърих, санъаткор ва ҳукумат, санъаткор ва ҳунарро дар робитаи байни Фирдавсӣ ва султон Маҳмуд баррасӣ кардан лозим аст, ки барои шоир оқибатҳои фоҷиавӣ ба бор овард. Як қатор адабиётшиносону мунаққидон беш аз пеш ба ғояи ин асар диққат медиҳанд. Суханони С.Улуғзода дар мулоқот бо кормандони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ аз соли 1983 дар бораи он, ки ғояи нависанда сабки ӯро муайян мекунад, зикр гардидааст. Хулоса шудааст, ки Улуғзода ба масъала чун муҳаққиқ наздик мешавад, ки ҳар ҷузъи даврони шоири бузургро ба эътибор гирифтааст.

Калидвожаҳо

Фирдавсӣ, адабиётшиносӣ, романи филологӣ, раванди эҷодиёт, санъаткор, танқид, романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода

Пайнавишт

1.         Гафуров, Б.Г. Таджики: Т.2. / Б.Г. Гафуров. – Москва: Наука, 1972. — 418 с.

2.         Брагинская Н.В. Филологический роман: предварение к запискам Ольги Фрейденберг/ Н.В.Брагинская// Человек. – 1991. – вып.3 – С.134-144.

3.         Новиков Вл. Филологический роман “Старый новый жанр на исходе столетия //Новый мир.-1999.-№10.-С. 193-205

4.         Муруватиён Дж. Становление филологического романа в таджикской литературе ХХ века (на примере романа “Фирдауси” Сотима Улуг-заде). –Душанбе:Эр-граф. 2018.-148с.

5.         Мусулмониён, Р. Сабаки романи миллӣ. — «Садои Шарк», 1991, № 3, С. 128-137.

6.         Улуг-заде, С. Согдийская легенда: повесть, исторический роман, рассказы / С. Улуг-зода; пер. с тадж.; [предисл. А. Борщаговского]. − Москва: Художественная литература, 1987. — 512 с.

7.         Улуғзода, С. Фирдавсӣ: Роман. – Душанбе: Адиб, 1988 — 272 с.

Таърихи нашр

Четверг, 18 Май 2023