0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МАВЗӮИ ОИЛАВУ ОИЛАДОРӢ ВА СИМОИ ЗАН ДАР «ПАНЧАКЯНА»т

Муаллиф (он)

Ғаффорӣ З. А.

Чакидаи мақола

Маҷмуаи ҳикоятҳои «Панчатантра» («Панҷ китоб») ба забони санскрит дар ҳудуди асрҳои III-IV аз ҷониби Вишну Шарман-ном бараҳмани ҳинду таълиф гардида, барои тарбияи шоҳзодагон ва ба онҳо омӯзонидани ойини давлатдорӣ, адолатпешагию додгустарӣ ва раиятпарварӣ пешбинӣ шудааст. «Панчатантра» беш аз 200 дафъа ба зиёда аз 60 забони дунё тарҷума шудааст. Якчанд таҳрири «Панчатантра» ба забони форсӣ низ мавҷуд аст ва яке аз онҳо китоби «Панчакяна» (таъл. 1612-1613) ба қалами адиби форсизабони қарни ХVII Ҳиндустон – Мустафо Холиқдод Ҳошимии Аббосӣ тааллуқ дорад. Арзиши муҳимми «Панчакяна» дар он зоҳир мегардад, ки тарҷумаи он аз асли китоби «Панчатантра» мустақиман калима ба калима аз санскрит ба форсӣ бо ҳифзи комили муҳтавои матни аслӣ сурат гирифтааст. Дар назариёти ахлоқии муаллифи асар дар баробари масоили дигари тарбиявӣ масъалаҳои оиладорӣ, тарбияи фарзанд, хулқу атвори занон низ ҷойгоҳи хоссае касб намудааст. Дар асар симои ҳам занони фосиқу бадкирдор ва ҳам баиффату порсо офарида шудааст. Нависанда саодатмандии оила ва зиндагии ободу саботи хонаводаиро дар хубкирдории зан, вафову садоқати ӯ ба шавҳар ва тамкину фиросати ӯ мебинад. Аз нигоҳи муаллиф духтарон дар вақти ҳаллу фасли тақдиру сарнавишти худ бояд соҳибихтиёр бошанд, ба волидайн фикри худро дар ҳалли масъалаи тақдирсоз, чун интихоби ҳамсар шуурона баён намоянд. Волидайн низ бояд дар ҳалли ин масъала хоҳишу мароми фарзандашонро ба инобат гиранд.

Калидвожаҳо

маҷмӯаи ҳикоёти «Панчатантра», Ҳинди Бостон, санскрит, «Панчакяна»,  тарҷумаи форсӣ аз санскрит, асри XVII, Мустафо Холиқдод Ҳошимии Аббосӣ, зан, оила

Пайнавишт

1.    Маҳҷуб, Муҳаммадҷаъфар. Дар бораи «Калила ва Димна». Таърихча, тарҷумаҳо ва ду боби тарҷуманашуда аз «Калила ва Димна». – Теҳрон, 1336.  – 336 с.

2.    Панчакяна / Тарҷумаи Мустафо Холиқдоди Аббосӣ. Ба кӯшиши доктор Тара Чанд ва Саййид Амирҳасани Обидӣ. – Алигарҳ: Донишгоҳи исломии Алигарҳ, 1973. – 356 с.

3.    Чанд, Тара ва Обидӣ, Саййид Амирҳасан.  Муқаддима. – Панчакяна / Тарҷумаи Мустафо Холиқдоди Аббосӣ. Ба кӯшиши доктор Тара Чанд ва Саййид Амирҳасани Обидӣ. – Алигарҳ: Донишгоҳи исломии Алигарҳ, 1973. – Саҳ. нӯҳ-чиҳилу шаш.

4.    Шекҳар, Инду. Панчатантра. Муқаддима.  – Панчатантра: Тарҷума аз санскрит ба форсӣ. – Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чоп, 1961,  234 с.  – С. 1-25.

5.    Шекҳар, Инду. Пешгуфтор. – Панчатантра  / Аз санскрит ба форсӣ тарҷумаи Инду Шекҳар. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чоп, 1961,  234 с.  – С. алиф-дол.

Таърихи нашр

Четверг, 16 Ноябрь 2023