0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МАСОИЛИ НАҚДУ ТАСҲЕҲИ МУТУНИ ОСОРИ АДАБӢ ДАР ЗАМИНАИ “ФАРҲАНГИ СУРУРӢ”

Муаллиф (он)

Султонова Г. А.

Чакидаи мақола

Дар фарҳанги “Маҷмаъ-ул-фурс”-и Сурурии Кошонӣ аз ашъори шуарои асри Х ҳамчун байти шоҳид фаровон истифода карда шудааст. Абёти мазкур аз фарҳанг баркашида шуда, бо нусхаҳои интиқодӣ, нашрҳои гуногуни девони шуарои асри Х муқоиса карда шуд. Фарқи матнҳо муайян карда шуда, дар асоси фарҳангҳои муътамад, аз ҷумла “Луғaти фурс”-и Aсaдии Тӯсӣ,  “Сиҳoҳ-aл-фурс”-и Муҳaммaд ибни Ҳиндушoҳи Нaхҷувoнӣ, “Фaрҳaнги фoрсӣ”-и Ҳусaйн Вaфoӣ,  “Фaрҳaнги Рaшидӣ”-и Aбдуррaшиди Тaттaвӣ  ба тасҳеҳу танқеҳи байтҳо кӯшиш карда шуд. Дар натиҷа, арзиши илмию адабии “Фарҳанги Сурурӣ” муайян карда шуд. Дар натиҷаи муқоисаву муқобалаи матнҳо матнҳо маълум гардид, ки “Маҷмаъ-ул-фурс”-и Сурурӣ низ мисли луғатҳои муътабари форсӣ сарчашмаи муътамади адабӣ маҳсуб меёбад.

Калидвожаҳо

“Маҷмаъ-ул-фурс”, фарҳангҳо, абёти шоҳид, муқоисаи нусхаҳо, нақду тасҳеҳ, девони ашъор, байти илҳоқӣ, тағйири маъно

Пайнавишт

1.    Асадии Тӯсӣ. Луғати фурс / Муқаддима, таҳия, таълиқот, ҳошия, луғот ва феҳристи Нурулло Ғиёсов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2015. – 492 с.

2.    Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.- Душанбе: Адиб, чопи дувум, 2019.- 480 с.

3.    Вафоӣ Ҳусайн. Фарҳанги форсӣ / Бо эҳтимоми Танг Ҳу Жу. - Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1995. – 279 с.

4.     Девони ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ. Матни илмию интиқодӣ бо кӯшишу эҳтимоми Расул Ҳодизода, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ. Душанбе, 2008. – 612 с.

5.    Девони Рӯдакии Самарқандӣ. Бар асоси нусхаи Саид Нафисӣ / И.Брагинский. – Теҳрон, 1376. – 217 с.

6.     Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ. ҷ.1-4. / Муҳаммад Муин. – Теҳрон: Амири кабир, 1375.

7.     Муҳаммад Ҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Душанбе:Адиб,1993.ҷ.1-417, ҷ.2-424, ҷ.3-397 с.

8.    Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. – Теҳрон, 1341. – 983 с.

9.    Нахҷувонӣ, Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳ. Сиҳоҳ-ал-фурс. Бо эҳтимоми Абдуалии Тоатӣ.Теҳрон, 1976. – 343 с.

10.Осори Рӯдакӣ. Дар таҳти таҳрири Абдулғанӣ Мирзоев. Сталинобод, 1958. – 529 с.

11.Осори устод Рӯдакӣ. Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Хуҷанд: Хуросон, 2019. – 596 с.

12. Саидов С.Нақд дар оинаи фарҳанг. Хуҷанд: Андеша, 2011. – 173 с.

13.Сурурӣ, Муҳаммадқосим ибни Ҳоҷӣ Муҳаммади Кошонӣ. Фарҳанги Маҷмаъ-ул-фурс . - Ба кўшиши Муҳаммад Дабири Сиёқӣ.-1341ш., дар се муҷаллад. -1757с: ҷилди I-1-500 с., ҷилди II- 500-1000с., ҷилди III-1000-1757с. – 1757 с.

14.Тирмизӣ, Мунҷик. Девони ашъори пароканда.-Тошкент:Янги нашр, 2016.-120с.

15.Фарҳанги Рашидӣ. Абдурашид ибни Абдулғафур ат-Таттавӣ. Ба эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ, дар 2 ҷилд. - Теҳрон, 1337.

16.Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ. Мир Ҷамолиддин Ҳусайн Инҷуи Шерозӣ. Виростаи Раҳими афифӣ, Машҳад, 1351.

17.Фарҳанги Қаввос. Фахриддин Муборакшоҳ Қаввоси Ғазнавӣ. Бо эҳтимоми Назир Аҳмад. – Теҳрон, 1353.

18.Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон. Тасҳеҳи Муҳаммад Мудаббирӣ. - Теҳрон, 1370.-704с.

 

Таърихи нашр

Пятница, 17 Ноябрь 2023