0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ХУСУСИЯТҲОИ ИСТИФОДАИ КАЛИМАҲОИ ИҚТИБОСӢ ДАР ТАРҶУМАИ К.ЧАЙКИН БАР “БУСТОН”-И САЪДӢ

Муаллиф (он)

Шарипова Ш. М.

Чакидаи мақола

Ба иттифоқи орои мутахассисон тарҷумаи “Бустон”-и Саъдӣ аз ҷониби  шарқшиноси машҳури рус Константин Иванович Чайкин  (1889-1938) ба дараҷаи олии касбӣ иҷро шудааст ва ҳам аз нуқтаи назари мувофиқати тарҷума ба нусхаи асл  ва ҳам аз ҷиҳати бадеият ҳамто надорад. Вижагиҳои истифодаи вомвожаҳои арабӣ, тоҷикӣ ва туркӣдар забони русӣ таҳлил шудаанд. Вомвожаҳо аз лиҳози баромад ба  гурӯҳҳо тақсим карда шудаанд: калимаҳои тоҷикӣ, калимаҳои арабӣ, вомвожаҳои туркӣ. Қайд мегардад, ки баъзе вомвожаҳои тоҷикӣ ба забони русӣ дар шакли арабишуда (муарраб) ворид шудаанд. Муайян гардидааст, ки тарҷумон аксаран вомвожаҳои дарвеш, шоҳ, подшоҳ-ро бо вуҷуди дар нусхаи асл корбаст нагардидани онҳо мавриди истифода қарор додааст. Масалан, вомвожаи тоҷикии “подшоҳ”-ро К.И.Чайкин ҳини тарҷумаи силсилаи муродифоти “шаҳриёр”, “шаҳаншоҳ”, “худованд”, “хусрав”, “малик”, “фармондеҳ” истифода бурдааст. Факти ҷолиби истифодаи вомвожаи “тюрбан” – шакли таҳрифшудаи  калимаи тоҷикии “дулбанд”,ки ба истиснои “Фарҳанги форсӣ”-и Муин дар ягон луғати тафсирии қуруни вусто ва муосири ба мо дастрас вонамехӯрад, яъне дар забони адабии муосири тоҷик он истифода намешавад, ошкор шудааст.  Зикр гардидааст, ки  К.И.Чайкин баъзан вомвожаҳоро ба маънии маҷозӣ истифода мебарад, ки дар фарҳангҳои забони русӣ мазкур нестанд.

Калидвожаҳо

К.И.Чайкин, “Бустон”-и Саъдӣ, тарҷумаи русӣ, вомвожаҳои (тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ) дар забони русӣ, муарраб, мувофиқати тарҷума

Пайнавишт

1.    Баҳор, Муҳаммадтақӣ. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. – Теҳрон: Амири Кабир, 1381. – 496 с.

2.    Бердиева Турдихон.Назарияи иқтибос (калимоти арбӣ дар забони тоҷикӣ). – Душанбе, 1991. – 128 с.

3.    Махкамов А.А. Баъзе вежагиҳои тарҷумаи В.Державин бар “Бустон”-и Саъдӣ// Маҷаллаи “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ”.– 2018. - №1(74).- С.85-102.

4.    Саади. Бустан. Перевод Чайкина К./Восточная поэзия. В 2-х томах. Т.2. - Москва: Терра. Книжний мир, 2002. – С.17-200.

5.    Саъдии Шерозӣ. Бустон/ Куллиёт. Дар чаҳор ҷилд. Ҷ.4. – Душанбе: Адиб, 1990. – 304 с.

6.    Ожегов С.И. Словарьрусского языка.19-е издание, исправленное. – Москва: Русский язык. 1987. – 750 с.

7.    Русско-таджикский словарь /Под ред. члена – корреспондента АН СССР М.С.Асимова. – Москва: Русский язык, 1985. – 1280 с.

8.    Фарҳанги форсӣ ба русӣ.

9.    Афшор, Садрӣ. Фарҳангномаи форсӣ. Дар се ҷилд. Ҷ.1. – Теҳрон: Фарҳанги муосир, 1388. – 1052 с.

10.Преображенский А.Г. Этимологический словарь русского языка. – Москва: Государственное издательство иностранных и национальных словарей, 1959. – Т.1.- 674 с.; Т.2. - 554 с.

11.Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ. Дар 6 ҷилд. – Теҳрон: Амири Кабир, 1375. – Ҷ.1,1472с.;Ҷ.2, 1477 – 2774 с.; Ҷ.4. - 4240-5276 с.

12.Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги сухан. Дар 8 ҷилд. Ҷ.3. – Теҳрон: Сухан, 1381. – 2613 – 3795 с.

13.Партав Абулқосим. Вожаёб. Фарҳанги баробариҳои порсӣ бо вожагони бегона. Дар се муҷаллад. Ҷ.3.- Теҳрон: Асотир, 1377. - 1482. – 2206 с.

14.Словарь инностранных слов. 18-е издание, стереотипное. – Москва: Русский язык, 1989. – 622 с.

15.Ӯзбектилининг изоҳли луғатӣ. 5 жилда. Туртинги жилд. – Тошкент,2008. – 606 с. / С. 450.

16.Фарҳанги забони тоҷикӣ. Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Дар 2 ҷилд. – Москва: Советская Энциклопедия, 1969. – Ҷ.1. 951 с.; Ҷ.2. 948 с.

17.Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ / Зери таҳрири Д. Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов. - Душанбе,2006. – 784 с.

18.Фарҳанги мутавассити  Деҳхудо. Зери назари Саидҷаъфари Шаҳидӣ. Дар ду ҷилд.-Теҳрон, 1385. - Ҷ.1, 1615 с.; Ҷ.2. 1619-3224 с.

Таърихи нашр

Пятница, 17 Ноябрь 2023