Масоили таҳлили қиёсии иқтидори калимасозии пешвандҳои зарфсози тоҷикии ба-, бо- ва муодилҳои англисии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Қайд карда мешавад, ки дар забонҳои қиёсшаванда зарф ҳамчун ҳиссаи мустақили нутқ эътироф шудааст. Лек, таснифи он ба категорияи махсус дар ин забонҳо норавшан аст, ҳудуди луғавии онҳо васеъ ва навъҳои функсионалиашон гуногунанд. Дар натиҷаи таҳлили мавзуи мавриди омӯзиш ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки иқтидори калимасозии пешвандҳои мавриди қиёс дар ташаккули зарфҳои тарзи амали тоҷикӣ дар баъзе мавридҳо шабоҳат ва фарқи зиёд дорад. Таҳқиқ нишон дод, ки пешванди бо- (67%) назар ба ба- (33%) бештар истифода мешавад. Қобили зикр аст, ки муодилҳои инглисии зарфҳои сохтаи тоҷикӣ, ки тавассути ин пешвандҳо сохта шудаанд, якхела ва ҳамгуна нестанд ва бархе аз онҳо ҳамчун сода, сохта ва таркибӣ истифода ва тарҷума шудаанд.
зарф, пешванд, зарфҳои сохта, таҳлили қиёсӣ, вежагиҳои сарфӣ, муодилҳои англисӣ, иқтидори калимасозӣ
1. Айнӣ С. Ғуломон / Роман. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2019. – 488 с.
2. Ахмедова Н. Семантико-грамматическая характеристика наречия в таджикском и английском языках. – Душанбе: Дониш, 2009. – 160 с.
3. Беляева М. А. Грамматика английского языка. – Москва: Наука, 1973. – 375 с.
4. Бобомуродов Ш. Луғати мухтасари калимасозии забонии адабии тоҷик. – Душанбе: Маориф, 1983. – 120 с.
5. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1985. – 356 с.
6. Исмоилов И. Зарф дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 86 с.
7. Ковнер Р.Л. Наречие в современном английском языке.– Ленинград: Наука, 1947.-122 с.
8. Мамадназаров А. Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ. - Душанбе: Эр-граф, 2011. -1016 с.
9. Ниёзмуҳаммадов, Б. Чанд сухан дар бораи исм, сифат ва зарф // Баъзе масъалаҳои забони адабии ҳозираи тоҷик. - Душанбе, 1965. - С. 67-72.
10.Фурӯғӣ, А. Грамматикаи мухтасари форсӣ. – Нью-Йорк, 1944. – 132 c.
11.Ashrapov B.P. Comparative analysis of word-building potential of Tajik adverbial prefixes bar-, dar- and to- and their English equivalents // Stephanos. 2023. No. 6 (62). P.81-69. http://stephanos.ru DOI 10.24249/2309-9917-2023-62-6-81-89
12.Jim Manis.A Book of Golden Deeds/Ed.: Hazleton. The Pennsylvania State University. 2004. 260 p.