Масъалаҳои зиндагии модииву маънавӣ дар осори публитсистии шоири тавонои нимаи дувуми садаи ХХ Лоиқ Шералӣ баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлили силсилаи мақолаҳои аввалини Л. Шералӣ оид ба бозтоби анъанаҳои миллӣ хулоса шудааст, ки онҳо дар роҳи эҳё, густариши расму ойин ва ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон дар посух ба талаботи он замон таъсири назаррас гузоштаанд. Лозим ба таъкид аст, ки адиб дар аксари мақолаҳои дар давраи бозсозӣ таълиф карда аст, аз бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ сухан меронад ва бозсозиро барои ҷомеаи шӯравӣ зарурӣ мешуморад. Л. Шералӣ бештар сари масъалаҳои мубрами зиндагии иҷтимоиву маънавии миллату ватан андешида, доимо ташвиқ кардааст, ки мардум, хоса аҳли зиё дар роҳи сохтани дунёи маънавии худ бештар ба тафаккур раванд ва посухи дардҳои дармони ҷомеаро биёбанд.
эҷодиёти Лоиқ Шералӣ, бозсозии горбачёвӣ, равандҳои фарҳангӣ, публитсистика, расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ
1. Ғаффоров, У. Лоиқ Шералӣ: Нашри нав бо таҳриру иловаҳо.–Душанбе: Адиб, 2012.–514 с.
2. Дарси хештаншиносӣ: Маҷмӯаи мақолаҳо. Дар ду китоб.–Душанбе: Ирфон, 1989-1990.–272+400 с.
3. Марг ҳаёт аст, ҳаёт аст марг: Пешгуфтор // Санги мазор: Байтҳо дар бораи санги гӯрҳо ва мақбараҳо / Гирдоваранда ва муаллифи сарсухан Л. Шералӣ. – Душанбе: Адиб, 1993. – С. 3-8.
4. Шералӣ, Л. Дар боби анъана ва русуми нав /Л.Шералӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. – 7-уми июл.
5. Шералӣ, Л. Ҷамоли Суғдиён: Дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси аҷдодӣ / Л. Шералӣ, О. Латифӣ // Комсомоли Тоҷикистон.–1969.–10 январ.–С. 4 (аз “Комсомольская правда”. – 1969. – 4-уми январ).
6. Шералӣ, Л. Қадри ёдгориҳо: Дар бораи муносибат ба ёдгориҳои таърихӣ дар Тоҷикистон /Л.Шералӣ // Маориф ва маданият. – 1969. – 1-уми март.
7. Шералӣ, Л. Ҳақиқат ғалаба мекунад /Л.Шералӣ // Маориф ва маданият. – 1980. – 5-уми феврал.
8. Шералӣ, Л. Ширу шакар. Дӯсти мо, бародари мо: Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон. – Тошкент: Нашриёти адабиёти бадеӣ ва санъати ба номи Ғафур Ғулом, 1981. – С. 34-36.
9. Шералӣ, Л. Ду кӯчаи Мирзо Турсунзода: Дар бораи номгузории ду кӯча дар Доғистон ба номи шоири тоҷикон /Л.Шералӣ // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 29-уми июн. – № 52 (156). – С. 3.
10.Шералӣ, Л. Байтҳои ҳуснафзо /Л.Шералӣ // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 2-юми декабр.
11. Шералӣ, Л. “Садои Шарқ” дар об ғарқ /Л.Шералӣ // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 25-уми сентябр. – № 39 (259). – С. 3.
12.Шералӣ, Л. Дар дуроҳа (Оид ба масъалаҳои муҳити маънавӣ) /Л.Шералӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 17-уми январ; ҳамч.: Дарси хештаншиносӣ: Маҷмӯаи мақолаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1989. – С. 148-153.
13.Шералӣ, Л. Шамъ агар оташ набинад: Мусоҳиба бо сармуҳаррири журнали “Садои Шарқ” Л. Шералӣ оид ба сифату барориши мақолаҳои маҷалла / Мусоҳиб Ҳ. Муҳаммадиев // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 15-уми сентябр. – С. 13.
14.Шералӣ, Л. Ҷудо шавем ё ба ҳам оем? /Л.Шералӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – № 24 (28).