0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АҲАММИЯТИ “ШОҲНОМА” - И ФИРДАВСӢ ДАР ШИНОХТИ НОМАҲОИ ТОИСЛОМИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Зоиров Ҳ.З.

Чакидаи мақола

“Шоҳнома”-и Фирдавсии Тӯсӣ яке аз осори безавол ва сарчашмаҳои беназири форсу тоҷик аст, ки аз номаҳо ва номанигории тоисломии форсӣ маълумот медиҳанд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ чун яке аз сарчашмаҳое баррасӣ шудааст, ки теъдоди зиёди номаҳои тоисломии форсиро дар худ ҷой додаанд. Изҳори ақида шудааст, ки Абулқосим Фирдавсӣ ҳини овардани онҳо аз манобеи қадим ва дасти аввал истифода намуда, мазмун ва мундариҷаи аслии номаҳоро ба назм даровардааст. Зоҳиран теъдоди номаҳои таърихии “Шоҳнома” нисбат ба даврони асотирӣ ва паҳлавонӣ бештар буда, аксари паёмҳои шифоҳӣ марбут ба давраи асотирӣ ва паҳлавонӣ мебошанд. Бо овардани чанд паёми шифоҳӣ ва номаҳо  хулоса шудааст, ки омӯзишу таҳқиқи номаҳои «Шоҳнома», махсусан номаҳои давраи таърихии он ҷиҳати шинохти расм ва оини номанигорӣ, ақсом ва анвои макотиби тоисломии форсӣ-тоҷикӣ аҳаммияти беназир доранд.

Калидвожаҳо

Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома», номанигории форсӣ қабл аз ислом, паёмҳои шифоҳӣ, анвои номаҳо, номаҳои давраи асотирию паҳлавонӣ ва таърихӣ, аркони мактубот

Пайнавишт

1.    Балъамӣ, Абӯалӣ Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Дар ду ҷилд. Ҷилди 1. -Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 2001. –825 с.

2.    Бобоев Дӯстмурод Ҳамидович. Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ. Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология. – Душанбе, 1999. –168 с.

3.    Деҳхудо, Алиакбар. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду ҷилд. Ба кӯшиши Fуломризо Ситуда, Эраҷ Меҳракӣ ва Акрам Султонӣ. Зери назари дуктур Саид Ҷаъфари Шаҳидӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. –3224 с.

4.    Номаи Тансар ҳербазон ҳербази Ардашери Попакон ба Ҷушнасф шоҳ ва шоҳзодаи пизишхоргар. Тарҷумае аз паҳлавӣ ба арабӣ ба қалами Ибни Муқаффаъ, тарҷумае аз арабӣ ба форсӣ ба қалами Ибни Исфандиёр. Ба саъй ва таҳқиқи Муҷтабо Минавӣ. –Теҳрон: Матбааи Маҷлис, 1311. – С. 1- 47

5.    Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад(с) ва асноди садри ислом. Таҳқиқ ва гирдовардаи дуктур Муҳаммад Ҳамидуллоҳ. Тарҷумаи Саид Муҳаммади Ҳусайнӣ. Теҳрон: Суруш, 1377.– 800 с.

6.    Тафаззулӣ, Аҳмад. Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом. Ба кӯшиши Жола Омӯзгор. –Теҳрон: Сухан, 1377.– 452 с.

7.    Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 1. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. –Душанбе: Адиб, 1987. – 480 с.

8.    Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 2. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. –Душанбе: Адиб, 1987. – 320 с.

9.    Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 3. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. –Душанбе: Адиб, 1988. – 528 с.

10.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 4. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. –Душанбе: Адиб, 1988. – 408 с.

11.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 5. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. –Душанбе: Адиб, 1989. – 496 с.

12.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 6. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. –Дуанбе: Адиб, 1989. – 552 с.

13.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 7. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус бо иштироки А.Девонақулов. –Душанбе: Адиб, 1989. – 656 с.

14.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 8. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус бо иштироки А.Девонақулов. –Душанбе: Адиб, 1990. – 616 с.

15.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди  9. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус бо иштироки А.Девонақулов. – Душанбе: Адиб, 1991. – 496 с.

16.Хуросонӣ, Алӣ Муҳаммадӣ, Назрӣ, Ҷӯрабек. Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома. – Душанбе: Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ. Бидуни соли нашр. –236 с.

17.Шарифзода, Худоӣ. Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ. –Душанбе: ҶДММ “Андалеб Р”, 2014. – 400 с.

Таърихи нашр

Суббота, 30 Сентябрь 2023