0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ МАЪНОИ ПАСВАНДИ –ГОҲ ДАР ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИКИИ ҚАРНҲОИ XVIII ВА XX

Муаллиф (он)

Ашрапов Б.П.

Чакидаи мақола

Дараҷаи корбурд ва вежагиҳои сарфии пасванди исмсози –гоҳ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Воқеан‚ пасвандҳои исмсоз миқдоран зиёд буда‚ онҳо аз лиҳози маъно исмҳои ифодагари макону замон‚ шахсу ғайришахс‚ моддиву маънӣ ва ғ. месозанд. Қайд қарда шудааст, ки дар забони осори муқоисашаванда, мисли забони адабии ҳозираи тоҷик, пасвандҳои –гоҳ (-гаҳ)‚ -сор‚ -зор‚ –истон (-стон)‚ –канд (-кант) ва –када барои сохтани исмҳои ифодагари макону фаровонӣ хизмат мекунанд. Пасванди –гоҳ аз ваҷҳи истеъмол ва вежагиҳои сарфӣ мавриди баҳс қарор дода шудааст. Маълум шуд, ки дар таърихномаи «Тӯҳфат-ул-хонӣ» пасванди -гоҳ яке аз пасвандҳои серистеъмолтарини маконсоз буда, дар маҷмӯъ 316 маротиба корбаст шудааст. Дар осори мавриди қиёси мо – асарҳои устод С.Айнӣ пасванди мазкур ҳамагӣ 110 маротиба истифода шудааст. Тибқи усули эҳсоӣ метавон ба чунин хулоса омад, ки унсури вожасози мазбур дар забони адабии тоҷикии а.XVIII нисбат ба а.XX сермаҳсултар мебошад.

 

Калидвожаҳо

забони адабии ҳозираи тоҷикӣ‚ пасванд‚ «Тӯҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ‚ пасвандҳои исмсоз, таҳлили қиёсӣ, дараҷаи корбурд, вежагиҳои сарфӣ

Пайнавишт

1.        Абдуллоева З.С. Нақши пешванди исмсоз дар зуҳури вожаҳои сермаъно дар осори Низомии Ганҷавӣ / З.С. Абдуллоева // Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ. - 2017. - № 4(53). - Хуҷанд‚ – С.210-215.

2.        Айнӣ С. Ғуломон. Роман. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2019, - 488 с.

3.        Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Куллиёт. Ҷ.14. /Тартибдиҳанда К.С. Айнӣ. – Душанбе: Матбуот, 2005. – 270 с.

4.        Айнӣ, С. Таърихи амирони Манғитияи Бухоро/С. Айнӣ // Куллиёт.Ҷ 10. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 342 с.

5.        Амлоев Аминҷон. Нақши пасванди «-гоҳ» дар насри бадеии Фазлиддин Муҳаммадиев / А.Амлоев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. - 2013. - №4/1 (105). – Душанбе: Сино‚ – С.44-49.

6.        Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе: Дониш, 1985. - 355 с.

7.        Карминагӣ‚ М. Тӯҳфаи хонӣ. Дастнависи №1426 Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон / Карминагӣ‚ М.

8.        Касымов О. Х. Лексические единицы kada и gāh  в «Шахнаме»/О.Х.Касымов//Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Силсилаи филология ва шарқшиносӣ. -2009. -№2. -С. 9-14.

9.        Лившиц В.А. О внутренних законах развития таджикского языка / В.А. Лившищ // Известия ООН АН.Тадж.ССР, вып.5, 1954. - С.87-102.

10.    Муҳаммад Ғиёсиддин. Ғиёс-ул-луғот / Ғиёсиддин Муҳаммад. – Душанбе: Адиб, 1988. - Ҷ.2. – 480 с.

11.    Ҳалимов С. Калимасозии исм дар забони адабии тоҷик аз рӯи забони «Гулистон»-и Саъдӣ./С.Ҳалимов//Масъалаҳои забон ва адабиёт. Қисми 2. – Душанбе, 1975. – С.283-307.

12.    Розӣ, Шамси Қайс. Ал-мӯъҷам. Муаллифи сарсухану тавзеҳот ва ҳозиркунандаи чоп У. Тоиров/Ш.Қ.Розӣ. - Душанбе: Адиб, 1991. -463с.

13.    Рустамов Ш. Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик / Ш. Рустамов. - Душанбе‚ 1972. – 77 с.

14.    Рустамов, Ш. Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм /Ш. Рустамов. – Душанбе: Дониш, 1972.- 92с.

15.    Таджиев Д.Т. Слово об «вода» в современном таджикском языке /Д.Т. Тоҷиев. Осори мунтахаб/ – Душанбе: Деваштич, 2005. –С. 108-138.

16.    Фарҳанги забони тоҷикӣ. – М.‚ 1969. ҷ.1.‚ – 951с. ҷ.2 -949 с.

17.    Хоркашев С. Калимасозии исм бо пасвандҳо / С.Хоркашов. – Душанбе, 2010. – 144 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021