0.0/5 овоз (0 овозҳо)

РОҶЕЪ БА БАЪЗЕ ОМОМОРФЕМАҲОИ ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Усмонова М.Э.

Чакидаи мақола

Омӯзиши муқоисавии ҳодисаи забонии омонимия дар низоми морфологии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат гирифтааст. Таҳлили муқоисавии чор омоморфемаи “-er”, “-ed”, “-ing”, “-s (-es)” –и  забони англисӣ ва се омоморфемаи “–ӣ”, “-тар”  ва “–ам”-и забони тоҷикӣ ба субут расонида шудааст.  Зикр шудааст, ки бо  назардошти бисёрвазифа  ва дорои хусусиятҳои омонимии флективӣ буданашон морфемаҳои флективии зикргардида ба гурӯҳи омоморфемаҳо дохил мешаванд. Дар забони англисӣ мавҷудияти омоморфемаи “-ed” мушкилоти муайян намудани вазифаи  грамматикии ба ҳайси сифат ё шакли перфекти замони гузашта баромад намудани вожаҳоро ба миён меорад, ки  ин муаммо бо назардошти контексти пешина бартараф карда мешавад. Дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои  назариву амалии забоншиносони хориҷиву ватанӣ оид ба омоморфемаҳои флективӣ дар забони англисӣ  вазифаҳои нави онҳо пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, морфемаи флективии “-er” на танҳо ҳамчун суффикси исмсоз баромад мекунад, балки барои сохтани дараҷаи қиёсии сифат ва зарф низ хизмат мекунад, ки айнан ҳамин вазифаро дар забони тоҷикӣ морфемаи “–тар” ба ӯҳда дорад.

Калидвожаҳо

омонимия, омоморфемаҳои “-er”, “-ed”, “-ing”, “-s (-es)”, омоморфемаҳои –ӣ, -тар ва –ам, аффиксҳои шаклвазкунанда, морфемаҳои флективӣ,  морфология, калимасозии омомофемаҳо, формант

Пайнавишт

1.        Ахмедова М.Н. Лексико-семантические исследования омонимов в персидском языке // Современные проблемы социально-гуманитарных наук.- Казань, 2016.- №3(5). С.30-35.

2.        Арбекова Т.И. Лексикология английского языка (практический курс).М., 1977. 240 с.

3.        Давлятова Ч.А. Омонимия как системная категория (на материале таджикского языка): дисс...канд.филол.наук/ Ч.А. Давлятова. Душанбе, 2017. 171с.

4.        Жердева.  М. О.  Суффикс –ing/–ung в истории английского языка // Лесной вестник. – 2003.- №4.  – С. 60-62.

5.        Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. – Душанбе, 1971. 452 с.

6.        Каращук П.М. Аффиксальное словообразование в английском языке. – М.,1965. 171с. 

7.        Рустамов Ш. Исм. Категорияҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мавқеи исм дар системаи ҳиссаҳои нутқ. – Душанбе, 1981. 210 с.

8.        Саркисян Л. В. Морфемное строение и звуковая форма английского и армянского слова в категориальном аспекте: автореф. дисс...канд. филол. наук / Л.В. Саркисян. – М., 2002. 24 с.

9.        Усмонов К. Грамматикаи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Китоби дарсӣ. – Хуҷанд, 2017.– 372 с.

10.    Усмонов К., Ибрагимова Р. Английская омоморфема “-s” (“-es”). // Учёныезаписки. Серия: Гуманитарные науки. – Худжанд, 2017. - №4(53). - С. 160-164.

11.    Усмонова М.Э., Абдуллоев М. Роҷеъ ба морфемаи омонимии флективии “-ed” дар системаи морфологии забони англисӣ // Армуғони навроҳони илм. – Хуҷанд: Нури маърифат,  2017.  – С. 63-68.

12.    Яготинцева А.В. Практическое осмысление вопроса омонимии в английском языке // Актуальные проблемы гуманитарных и естественных наук. Языкознание и литература. 2015. С. 46-48.

 

Таърихи нашр

Четверг, 01 Июль 2021