Номвожаҳои мушаххас (фардӣ)-и зироатҳои ғалладонаи хӯшадор вобаста ба хусусиятҳои луғавию маъноӣ мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Дар такя ба луғатномаҳо даврабандии марҳилаҳои инкишофи луғот ва истилоҳоти зироатҳои ғалладонаи хӯшадор сурат гирифтааст. Таъкид шудааст, ки давраи таҳаввул ва инкишофи вожаву истилоҳоти мансуб ба ғаллакорӣ маҳз ба давраи ориёии таърихи забон рост меояд. Истилоҳоти муосири тоҷикӣ-форсӣ маҳз аз давраи ориёӣ маншаъ гирифтаанд. Маводи луғавӣ аз рӯи мушаххасоти луғавию маъноӣ гурӯҳбандӣ шудааст. Хулоса шудааст, ки аксари мутлақи номвожаҳои ҷомеъ ва фардии зироатҳои ғалладона вожагони аслии забони тоҷикӣ буда, аз шаклҳои мабдаи эронии қадим пайдо шудаанд. Дар байни соири маводи мансуб ба номвожаҳои мушаххас (фардӣ)-и зироатҳои ғалладонаи хӯшадор низ вожагони аслии тоҷикӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Қайд шудааст, ки таҳлили гурӯҳҳои луғавию маъноии ин бахши таркиби луғавии забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки манзараи куллии муносибатҳои системавии байни воҳидҳои забон то ҳадде равшан гардад ва равандҳои инкишофи низоми луғавии забон ба таври мушаххас нишон дода шавад.
зироатҳои ғаллагии хӯшадор, номвожаҳои мушаххас (фардӣ), гурӯҳҳои вожагониву маъноӣ, давраи ориёии забон, забони форсии қадима, калимаҳои аслии тоҷикӣ
1. Баранов П.А., Райкова И.А. Среднеазиатский государственный университет в борьбе за освоение Памира //Бюллетень САГУ. Вып.20. – Ташкент, 1935. – 319 с.
2. Вавилов Н.И. Избранные труды. Т.II. – М.:Л., 1960. - 519 с.
3. Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Дар се ҷилд. Ҷ 1. – Душанбе: Адиб, 1993, 416 с.
4. Муҳаммад Пошшо.Фарҳанги ҷомеи форсӣ. Фарҳанги Онандроҷ. Ҷ 2.– Теҳрон: чопхонаи Ҳайдарӣ, 1956, 1564 с.
5. Расторгуева В.С., Эдельман Д.И. Этимологический словарь иранских языков. Т.I-3. – М.: Восточная литература, 2007.
6. Русско-таджикский словарь / Под ред. М.С. Асимова. – М.: Русский язык, 1985. – 1279 с.
7. Русско-персидский словарь. Составители И.К. Овчинникова, Г.А. Фуругиан, Ш.М. Бади. – Тегеран, 1374ҳ. – 1091с.
8. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001. – 310 с.
9. Севортян Э.В. Этимологический словарь тюркских языков. Общетюркские и межтюркские основы на буквы «В», «Г», «Д».– М., 1980.
10. Стеблин-Каменский И.М. Очерки по истории лексики памирских языков. Названия культурных растений. – М.: Наука, 1982. – 167 с.
11. Ӯзбек тилинг изоҳи луғати. Ж.I.–М.: Русский язык, 1981.- 631с.
12. Фарҳанги забони тоҷикӣ.Ҷ.I.– М.: Советская энциклопедия, 1969. – 951с.
13. Фарҳанги забони тоҷикӣ.Ҷ.II. –М.: Советская энциклопедия, 1969. – 948с.
14. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Зери назари дуктур Саидҷаъфари Шаҳидӣ дар ду ҷилд. Ҷ 1. –Теҳрон, 1390. -1615 с.
15. Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Нашри дувум, бо илова, такмил ва ислоҳ. – Душанбе: Пайванд, 2006. – 813 с.
16. Gershevitch I. The Alloglotography of old persian //Transactions of the Philological Society. – L., 1979.– 190 с.
17. Geiger W/ Etymologie des Baluel. //Abh.d.k. Bayerischen Akade-mie den Wissenscnaften. Bd.19. Abbth.1. – Munchen, 1890.
18. Horn P. Grundriss des neupersischen Etymologie. – Strassburg, 1993.
19. معین، محمد. فرهنگ فارسی. در 6 مجلد. - تهران، 1371 .
Сарчашмаҳо:
20. Айнӣ С. Ёддоштҳо. - Душанбе: Адиб. Ҷ.I, 1990. - 352 с.
21. Кӯҳзод Ӯрун. Роҳи паси ағба. - Душанбе: Ирфон, 1981. - 384 с.
22. Насафӣ С. Баҳориёт. - Душанбе: Адиб, 1988. - 322 с.
23. Насриддин Б. Ман фарзанди туам. - Душанбе: Ирфон, 1983.-302 с.