0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АНЪАНАИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Давлатбеки Хоҷа

Чакидаи мақола

Таърихи шаклгирии афкори забоншиносии тоҷикӣ дар фарҳангномаҳо ва баъдтар дар осори фалсафию улуми сегонаи адабӣ мухтасаран тавсиф шудааст. Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки дар осори илмию фарҳангҳои тафсирии асрҳои баъдина ин анъана нишон дода шавад.

Ба ин мақсад афкори забоншиносии бисёр донишмандони асрҳои X- XIX, ба мисли Абунасри Форобӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Насируддини Тусӣ, Шамси Қайси Розӣ, Муҳаммад Маҳмуди Омулӣ, Атоулло Ҳусайнӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар асоси осори илмиашон баррасӣ шудаанд. Ғайр аз ин, арзиши забоншиносии шарҳу тавзеҳи дар луғатҳои тафсирӣ ба монанди “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”-и Ҳусайни Инҷӯ [асри XVII], “Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммад Ҳусайн ибни Халаф ат-Табрезӣ [асри XVII], “Фарҳанги Рашидӣ”-и Абдуррашид ибни Сайид Абдуғафури Татавӣ [асри XVII], “Ҳафт қулзум”-и Бодшоҳи Ғозӣ [асри XIX], “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммад Ғиёсиддин [асри XIX]-ро аз диди забоншиносии муосир зикр шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар шаклгирӣ ва рушди афкори забоншиносии тоҷик ва анъанаи он саҳми донишмандоне ба мисли Абунасри Форобӣ, Абӯали Сино, Носири Хусрав, Шамси Қайси Розӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ махсусан калон аст. Дар идома ва густариши анъанаи шарҳи дастури забони тоҷикӣ нақши бисёр боризро “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” бозидааст.

Калидвожаҳо

таърихи афкори забоншиносӣ, забоншиносии тоҷик, асрҳои X-XIX, шарҳи забоншиносӣ, сарфу наҳв, фарҳанг, анъанаҳои забоншиносии тоҷик, асарҳои лексикографӣ

Пайнавишт

  1. 1.        Абунасри Форобӣ. Эҳсо[ъ]-ул-улум. –Теҳрон, 1346 ҳ. - .......с.
  2. 2.        Абӯалӣ ибни Сино. Донишнома // Осори мунтахаб. ҷ. 1, –Душанбе, 1980. - С. 29-139
  3. 3.        Абӯалӣ ибни Сино. Махориҷ-ул-ҳуруф // Осори мунтахаб. ҷ. 2, –Душанбе, 1983. - С. 228-245
  4. 4.        Атоулло Ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ. –Душанбе, 1974. –223 с.
  5. 5.        Воҷидалии Муҷмалӣ. Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун. – Нувалкишур, 1389 ҳ. –556 с.
  6. 6.        Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. ҷ. 1. –Душанбе, 1985. –350 с.
  7. 7.        Донишномаи мухтасари таърихи афкори забоншиносии тоҷик. –Душанбе, 2017. –341с.
  8. 8.        Кабиров Ш. Сухан аз арши барин омадааст. –Душанбе, 2014. –263 с.
  9. 9.         Носири Хусрав. Ҷомеъ-ул-ҳикматайн // Куллиёт, ҷ. 1. –Душанбе, 1991. 220с.
  10. 10.     Раупов Х. “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” ҳамчун сарчашмаи лексикографияи тоҷику форс. –Душанбе, 1972. –191 с.
  11. 11.    Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. –Душанбе, 2001. –275 с.
  12. 12.    Таджиев Д. Т. Способы связи определения с определяемым в современном таджикском литературном языке. – Сталинабад, 1955. –70 с.
  13. 13.    Халилов А. Вазифаҳои грамматикии бандаки изофӣ [и] дар забони адабии ҳозираи тоҷик. –Душанбе, 1969. –118 с.
  14. 14.    Хаскашев Т. Ф. Фонетикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. қ. 1, –Душанбе, 1980. –100 с.
  15. 15.    Хоҷаев Д. Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI. –Душанбе, –343 с.
  16. 16.    Хоҷа Ҳасани Нисорӣ. Чаҳор гулзор. –Душанбе, 1998. –116с. 
  17. 17.    Хушенова С. Изофетные фразеологические единицы в таджикском языке. – Душанбе, 1967. –190 с.
  18. 18.    Шамси Қайси Розӣ. Ал-муъҷам. –Душанбе, 1991. –463 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021