0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Усули тазкиранависӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ

Муаллиф (он)

Абдуллоев Ромезҷон Холмуминович

Чакидаи мақола

Дар мақола фаъолияти тазкиранависии устод Садриддин Айнӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таъкид мегардад, ки “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ, ки дар он бисёр унсурҳои услуби тазкиранависӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, то андозае  маълумоти  нахустин тазкираи таърихи адаьиёти муосири тоҷик “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро, ки Айнӣ соли 1926 таълиф кардааст, пурра мегардонад. Дар баъзе мавридҳо дар “Ёддоштҳо” дар бораи суханвароне маълумот омадааст, ки номи онҳо дар “Наму¬наи адабиёти тоҷик” мазкур нест. Дар “Ёддоштҳо” усули тазкиранависӣ бештар ҳан¬гоми зикри номи шоирон, тахаллус, овардани намунаҳои ашъор, мушоара, баҳогузорӣ ба ашъори якдигар, интихоби тахаллус, муносибати суханварон бо амалдорон, аз ҷумла шоирони дарбор, муносибати аҳли дарбор ба суханварони замон, танқиди аҳли ҷоҳ ва ғайра ба қайд гирифта шудааст. Муаллиф таъкид месозад, ки китоби «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар матншиносии осори нимаи дувуми садаи ХIХ ва аввали асри ХХ аҳамияти калон дорад, балки як сарчашмаи муҳими адабии қобили мулоҳиза низ мебошад.

Калидвожаҳо

«Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, усули тазкиранависӣ, анъанаи  адабӣ, мушоара, “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ, тахаллус

Пайнавишт

1.Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. – Ҷ.6. – Душанбе, Нашриёти давлатии Тоҷикистон:1962.–416 с.

2.Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. – Ҷ.7. – Душанбе, Нашриёти давлатии Тоҷикистон:1962.–646 с.

3.Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик . – Душанбе: 2010. –  420 с.

4.Кӯчаров Аъламхон.Тадқиқоти текстологии “Одина”-и С.Айнӣ.Душанбе: Дониш,1982.–144 с.

5.Шакурӣ, Муҳаммадҷон. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ.–Душанбе, Дониш:1966.–252 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 20 Апрель 2020