5.0/5 овоз (1 овозҳо)

Таҳлили қиёсии тимсоли занон дар “Шоҳнома”-ҳои Абулқосими Фирдавсӣ ва Абўмансур Саолибии Нишопурӣ

Муаллиф (он)

Ризоева Рухсора Бурхоновна

Чакидаи мақола

Офариниши тимсоли занон дар осори ғиноӣ ва ҳамосии асримиёнагии классикии форсу тоҷик таърихи тўлонӣ дорад. Мавзўи баҳси мақола таҳлили қиёсии тимсолҳои барҷастаи занон дар “Шоҳнома”-и бузурги Абулқосими Фирдавсӣ ва асари ҳамноми он, ки аз ҷониби ҳаким Саолибии Нишопурӣ ба забони арабӣ таълиф гардидааст, мебошад. Муаллиф зимни таълифи мақола ба махсусиятҳои инъикоси образи занон дар асари безаволи “Шоҳнома” ва тарҷумаи он аз ҷониби Саолибии Нишопурӣ, ки дар асри 11 эҷод шудааст,  таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мухтасоти таълифу тарҷумаи ин асарро ба арабӣ ба маърази таҳқиқ кашидааст. Дар асоси таҳлили қиёсии симоҳои Фаронак, Синдухт, Рўдоба, Таҳмина, Ҷарира, Фарангис, Катоюн ва дигарон ва муаллиф ба хулоса расида¬аст, ки таълифоти Саолибӣ ва равиши кори ў дар тарҷумаи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба забони арабӣ ва ё равиши таълифи “Шоҳнома”-и мансур аз меъёрҳое бархурдор аст, ки таҳқиқи он дар илми адабиётшиносӣ ва назарияи тарҷума муҳиманд.

Калидвожаҳо

“Шоҳнома”, Абулқосими Фирдавсӣ, Саолибии Нишопурӣ, ҳамоса, тимсоли занон, Рудоба,  Таҳмина, Рустам, Ширин, Судоба

Пайнавишт

1. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Дар 9 ҷилд.-Душанбе: Ирфон, 1965.

2. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома.Дар 9 ҷилд.-Душанбе: Адиб,1988.

3. Фирдоуси. Шахнаме. Том девятый. Критический текст / Составитель текста А. Е. Бертельс. Под редакцией А. Нушина.-М.: Наука, 1971. -399 с.

 4. Фирдоуси. Шахнаме. Том пятый. Перевод Ц. Б. Бану-Лахути и В.Г. Берзнева. –М.: Наука,1984.-390 с.

5. Бертельс Е.Э. История персидско-таджикской литературы. Избранные труды. Том 1.-М.: Изд-во вост.лит-ры. 1960 – 556 с.

6. Бобокалонова  Ҷ. Ҷанбаи асотирии баъзе образҳои занони “Шоҳнома” // Зан, адабиёт ва ҷомеа. –Душанбе, 2000. –С. 13-23.

7. Ёдкарди Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў (маҷмўаи мақолаҳо). –Хуҷанд,1993.-104 с.

8. Нишопурӣ, Саолибӣ. Таърихи ғурар-ус-сияр маъруф ба “Шоҳнома”-и Саолибӣ. – Душанбе: Бухоро, 2014. - 447 с.

9. Ибодиён Маҳмуд. Фирдавсӣ ва суннату навоварӣ дар ҳамосасароӣ – Теҳрон: Интишороти Гуҳар. Бидуни соли нашр.-353 с.

10. Ранҷбар, Аҳмад. Ҷозибаҳои фикрии Фирдавсӣ.- Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1379. -464 с.

11. Сафо Забеҳулло. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди1.-Теҳрон: интишороти Фирдавс, 1372

12. Яздонӣ Зайнаб.Зан дар шеъри форсӣ (Дирўз-имрўз)ю-Теҳрон: Фирдавс, 1378. -522 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Сентябрь 2020