Масъалаи мавқеи вожаҳои соматикӣ дар ташаккули ибораҳои синтаксисии ашъори Фарзона дар муқоиса бо «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ бааррасӣ шудааст. Дар асоси маводи сеҷилдаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона – «Қатрае аз Мӯлиён», маҷмӯаи «Ҳама гул, ҳама тарона» ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ нақши соматизмҳо дар созмони ибораҳои исмӣ, сифатӣ, ҷонишинӣ ва феълӣ нишон дода, хулоса бароварда шудааст, ки аз байни ин намуди ибораҳо ибораҳои исмӣ ва феълии соматикӣ хеле фаъоланд. Зикр гардидааст, ки дар ашъори ҳар ду шоир ибораҳои соматикии исмии ҳар ду ҷузъашон вожаҳои ифодагари узвҳои инсонӣ зиёд ба назар мерасанд. Дар як қисм ибораҳои соматикии исмии ашъори мавриди таҳлил алоқаи омехта, дар байни ҷузъҳои дигар алоқаи ҳамроҳӣ дида мешавад.
соматизмҳо, ибораҳои синтаксисӣ, ашъори Фарзона, «Маснавии маънавӣ», Ҷалолуддини Балхӣ, ибораҳои исмии соматикӣ, ибораҳои сифатии соматикӣ, ибораҳои ҷонишинии соматикӣ, ибораҳои феълии соматикӣ
1. Балхӣ Ҷ. Маснавии маънавӣ (бар асоси матни Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) / Ҷ. Балхӣ. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. - 728 с.
2. Балхӣ Ҷ. Маснавии маънавӣ / Ҷ. Балхӣ. Иборат аз 6 дафтар. д.1, -223 с.; д.2, -216 с.; д.3, -279 с.; д.4, -223 с.; д.5, -252 с.; д.6, -284 с. www.sattor.com.
3. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик; Ҷилди 2. Ибора ва синтаксиси ҷумлаҳои сода. – Душанбе: Дониш, 1986. – 372 с.
4. Қодириён Р. Фарҳанги «Маснавии маънавӣ»: Дафтари аввал. – Душанбе: Истеъдод, 2011. -207 с
5. Мирзоев А. Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Монография / А. Мирзоев. – Душанбе: Дониш, 1972. -252 с.
6. Фарзона. Қатрае аз Мӯлиён. Осори мунтахаб / Фарзона. –Хуҷанд: Нури маърифат, ҷ.1, 2003. -510 с.; ҷ.2, 2003. -472 с.; ҷ.3, 2003. -378 с.
7. Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. Осори мунтахаб / Фарзона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, ҷ.1, 2014. - 504 с.; ҷ.2, 2014. -500 с.
8. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. - Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ, ҷ.1, 2008. -950с.; ҷ.2, 2008. -945с.