0.0/5 овоз (0 овозҳо)

«Наҷдиёт»-и Абӯмузаффари Абевардӣ ва арзиши адабии он

Муаллиф (он)

Ризоева П.

Чакидаи мақола

Дар мақола қисми дувуми девони шоири арабисарои аҳди Салҷуқиён Абӯмузаффари Абевардӣ мавсум ба «Наҷдиёт» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи таҳқиқи асарҳои муҳаққиқони муосир, аз қабили Мамдӯҳ Ҳаққӣ, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ар-Рубайиъ ва Я. Стеткевич сабабу заминаҳои «Наҷдиёт» унвонгузорӣ гардидани ин қисми девон муайян гардидааст. Зикр гардидааст, ки қофияҳои қасидаҳои дар он гирдоварӣ гардида, ки тамоми ҳарфҳои алифбои арабиро дарбар мегиранд, фарзияро оид ба сохта будани ғазалиёти«Наҷдиёт» тақвият мебахшад. Таъкид гардидааст, ки қисми мазкури девон дар чиҳилсолагии шоир бо хоҳиши дӯстонаш дар пайравӣ аз суннатҳои қадимаи адабиёти араб сароида шуда, мавзӯи Наҷд дар он хусусияти рамзӣ дорад ва аз қабилаи Узро сарчашма мегирад. Истифодаи бамавриди вожаҳои форсӣ дар бархе аз ашъор ба ҳисси баланди меҳанпарастии шоир далолат мекунад. Корбурди моҳиронаи санъатҳои бадеӣ ва фасоҳату балоғати манзумаҳои он бошад, гувоҳӣ медиҳанд, ки воқеан ҳам, «Наҷдиёт»-и Абӯмузаффари Абевардӣ ғазалиёти дар айни камолоти ҳунарӣ сурудаи шоирро фаро гирифтааст. Таъкид гардидааст, ки пажӯҳиши илмии «Наҷдиёт»-и Абӯмузаффари Абевардӣ ҷиҳати таъйин сохтани арзиши адабии ашъори шоир ва сабку услуби шеърии ӯ  аҳамияти калонро доро мебошад.

Калидвожаҳо

«Ироқиёт» ва «Наҷдиёт»-и Абӯмузаффари Абевардӣ, Наҷд, қабилаи Узро, Мамдӯҳ Ҳаққӣ, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ар-Рубайиъ, суннатҳои қадимаи адабиёти араб, санъатҳои бадеӣ, вожаҳоифорсӣ

Пайнавишт

1.    Ал-Абивардӣ, Абулмузаффар МуҳаммадибнАҳмадибнИсҳоқ. Дивану ал-Абиварди. Таҳқиқ аддуктур Умар ал-Асъад. Димишқ, Матбуъа маҷмаъ ал-луғаал-арабийя, 1974, ададу муҷалладот 2

2.    Ал-Абивардӣ, Абулмузаффар МуҳаммадибнАҳмадибнИсҳоқ. Дивану ал-Абиварди. Таҳқиқ Абдулбосит ал-Ансӣ. Лубнан: МаҷмаъалУсманийя, 1899. -383 с.

3.    Ал-Абиварди, Абулмузаффар МуҳаммадибнАҳмадибнИсҳоқ. Наҷдиятал-Абвардӣ

a.    http: //librarycatalog.bau.edu.lb/cgi-bin/koha/opac-search. (12:57)

4.    Ал-Асъад, Умар Муҳаммад. Ал-Мутанаббӣ ас-сағир. - Ҷидда: Маҷалла ҶомиъаМаликАбудлазиз,1978- . №2 С -101-116

5.    Брукелман, Карл. Таъриху ал-адаби ал-арабӣ. Нақалаҳуилаал-арабӣ аддуктур Абудлҳалиман-Наҷҷар. –ал-Қоҳира: Дар-ул-маъариф, 1977.-ҷ 6-392 с

6.    Ар-Ради, аш-Шариф. Дивану аш-Шариф ар-Радӣ. Мулаҳизат: шориҳ- Юсуфаш-Шукрӣ. –Байрут: Дар-ул-ҷайл, 1415.-632 с.

7.    Ар-Рубайиъ, МуҳаммадибнАбурраҳман. Маъаал-Абивардӣ фӣ Наҷдиятиҳи. Маҷал­лат Ҷомиъат ал-Имам Муҳаммадибн Саъуд ал-Исломӣ, 1980, 10, С. 387- 410.

8.    Стеткевич, Ярослав. Зефиры Наджда: поэтика ностальгии в классическом арабском насибе/Ярослав Стеткевич. – Чикаго: Университет Чикаго Пресс, 1993. – 319 с.

9.    Ат-Туғроӣ, Абуъисмоъил. Таҳқиқ Алӣ ҶаводТоҳирваЯҳйаалабурӣ. Қатар: Дар ал-кутуб ал-қатарийя, 1984.-453 с.

10.              Тоҳир, Алӣ Ҷавод. Аш-Шиъруларабӣ фӣ-л-Ироқ ва билоди-л-Аҷамфи-л-асриал-Салҷуқӣ. Байрут-Лубнан: Дарул-раидул-арабӣ, 1385. -560 с.

11.              Ҳаққӣ, Мамдуҳ. ал-Абивардӣ мумассилал-асри-л-хомисфӣ барлуманфикрал-арабӣ. –Димашқ: Дар ул-яқза ал-арабийя литаълиф ва-тарҷумава-н-нашр, 1974. -309 с.

Таърихи нашр

Среда, 24 Февраль 2021