Зикр шудааст, ки ҳарчанд роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Фаррухӣ як қатор пажӯҳишҳо аз ҷониби олимони маъруф, аз қабили Ғуломҳусайни Юсуфӣ ва Мирзо Муллоаҳмадов сурат гирифта бошанд ҳам, дар бобати хусусиятҳои забонии назми ӯ ғайр аз қайдҳои парешон таҳқиқеба субут нарасидааст. Дар мақола калимаҳои мураккаби соматикии ашъори ФС ба таҳлил кашида шудааст. Дар асоси маводи фактологӣ исбот шудааст, ки ҷузъҳои калимаҳои мураккаби соматикии ашъори шоирро ба истиснои калимаҳои ангуштшумор вожаҳои ноби тоҷикӣ ташкил кардаанд. Маҳорати фавқулодаи шоири систонӣ дар истифодаи калимаҳои мураккаби соматикӣ барои офаридани образҳои нави шоирона махсус таъкид гардидааст. Дар асоси маълумоти фарҳангҳои тафсирии қуруни вусто, аз қабили “Бурҳони қотеъ” (асри ХVIII) ва фарҳангҳои тафсирии муътабари муосир, мисли “Луғатнома”-и Деҳхудо ва “Фарҳанги форсӣ”-и Муин тоҷикиасл будани вожаи “дим” ба маънои “рӯй, рухсора, чеҳра” таъкид гардида, саҳви мураттибони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ислоҳ шудааст..
калимаи мураккаби соматикӣ, эҷодиёти Фаррухӣ, узввожаҳо, таркиби луғавии калима, фарҳанги “Бурҳони қоте`”, “Фарҳанги форсӣ”-и Муин
1. Насриддин, Абдулманнон. Аз Рӯдакӣ тоАттор. –Хуҷанд: Ношир, 2017. -396 с.
2. Бобоҷонова, Дилбар. Ҷанбаи луғавию сохтории вожаҳои сермаънои соматикӣ (дар заминаи маводи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ). / Д. Бобоҷонова. – Хуҷанд: Хуросон, 2011. – 168 с.
3. Ғанизода, Савринисо. Таркибиономасиологиикалимаҳоимураккабизабонитоҷикӣ. С. Ғанизода. –Хуҷанд, Нуримаърифат, 2016. -188 с.
4. Дар партави хуршед (Мунтахаби ашъори шоирони нимаи аввали асри Х1).- Душанбе: Адиб, 2011. – 480 с.
5. Деҳхудо, Алиакбар. ФарҳангимутавасситиДеҳхудо. Дардумуҷаллад. (зериназаридуктурСаъидҷаъфариШаҳидӣ). / АлиакбарДеҳхудо. –Теҳрон: МуассисаиинтишоротвачопиДонишгоҳиТеҳрон, 1385. Ҷ. 1-2. -3224 с.
6. Козмоян Армануш. Рубаи в творчестве Фаррухи. // “Вестник общественных наук АН Арм.ССР”, 1973, №11, с.87-92
7. Қосимова, Мукаррама. Таърихизабониадабиитоҷик (асрҳои 1Х-Х). Қисми 1. / М. Қосимова. –Душанбе, 2003. – 490 с.
8. Муин, Муҳаммад. Фарҳангифорсӣ. Даршашмуҷаллад. М. Муин. –Теҳрон:АмириКабир, 1375.
9. Муллоаҳмадов, Мирзо. ФаррухииСистонӣ. / М. Муллоаҳмадов.-Душанбе: Нашриёти“Дониш”, 1978.- 143 с.
10. Мухторӣ, Қутбиддин. Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рӯдакӣ / ҚутбиддинМухторӣ. - Душанбе: Деваштич, 2006. -130 с.
11. Дабирсиёқӣ, Муҳаммад. Девони ҳакимФаррухииСистонӣ. –Теҳрон: 1335.
12. Бурҳон, Муҳаммадҳусайн. Бурҳони қотеъ дар панҷ муҷаллад. –Теҳрон, 1357.
Фарҳангизабонитоҷикӣ (азасриХтоибтидоиасриХХ). Дарду ҷилд (ДарзеритаҳририМ. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ) –М.: Советская энсиклопедия, 1969. –Ҷ. 1. – 951 с.; Ҷ. 2. -949 с.