Дараҷаи корбурд ва вежагиҳои сарфии пешвандҳои сифатсоз дар забони адабии тоҷикии қарн XVIII дар “Тӯҳфат-ул-хонӣ”-и Муҳаммадвафои Карминагӣ ва дар қарни XX дар асарҳои “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик. Исёни Муқаннаъ”, “Ғуломон”-и С. Айнӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Собит гардидааст, ки унсурҳои вожасози осори муқоисашаванда аз ваҷҳи истеъмол баъзеашон сермаҳсул ва баъзе дигарашон каммаҳсул мебошанд. Пешванди ба- дар осори мавриди қиёс каммаҳсултар ба назар расид, ҳол он ки он дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ яке аз унсурҳои вожасози сермаҳсул ҳисобида мешавад. Дар осори устод С.Айнӣ [3; 4; 5] унсури калимасози бо- ба ҳайси яке аз пешвандҳои каммаҳсул баромад мекунад, дар ҳоле ки ин пешванд ҳам дар забони адабии муосири тоҷикӣ ва ҳам дар забони адабии тоҷикии қарни XVIII дар сохтани сифатҳои нав сермаҳсул мебошад. Пешвандҳои бе-ва но- дар осори муқоисашаванда яке аз унсурҳои вожасози муштарак ва сермаҳсул зоҳир гардида, онҳо аз дигар ҳиссаҳои номии нутқ сифатҳои аслӣ месохтааст. Маъмулан, дар забони давраҳои омӯзиш пешвандҳои бар- ва дар- аз нигоҳи корбурду истифода ба гурӯҳи пешвандҳои каммаҳсул дохил мешаванд.
забони адабии ҳозираи тоҷикӣ‚ пешванд‚ «Тӯҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ‚ пешвандҳои сифатсоз, таҳлили қиёсӣ, дараҷаи корбурд, вежагиҳои сарфӣ
1. Азам Қутбизода Аббосалӣ. Пешвандҳои сифатсоз дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ / Азам Қутбизода Аббасалӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. - 2013. - № 4/1 (56). – Душанбе. – С. 68-74.
2. Азам Г.А. Аффиксальное словообразование имен прилагательных в "Шахнаме" Абулькасыма Фирдоуси: автореф. дис. … канд. филол. наук: 10.02.22 / Г.А. Азам.- Душанбе, 2013. - 24 с.
3. Айнӣ С. Ғуломон. Роман. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2019, - 488 с.
4. Айнӣ С. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик. Исёни Муқаннаъ. Очеркҳои адабию таърихӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2013. - 176 с.
5. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Куллиёт. Ҷ.14. /Тартибдиҳанда К.С. Айнӣ. – Душанбе: Матбуот, 2005. – 270 с.
6. Бобоева М. Роҳҳои калимасозӣ бо сифат дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз рӯйи маводи «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ / М. Бобоева // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – 2019. – №4. – С.123-128.
7. Бобомуродов Ш., Муъминова А. Луғати мухтасари калимасозии забонии адабии тоҷик. Дастури таълим / Ш. Бобомуродов‚ А. Муъминова. - Душанбе, 1983. - 120 с.
8. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе: Дониш‚ 1985‚ – 356 с.
9. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Лексикология. Фонетика. Морфология. - Душанбе: Ирфон,1973.-450с.
10. Зоҳидов А. Таъсири забони русӣ ба калимасозии забони адабии тоҷик / А. Зоҳидов.–Хуҷанд: Ношир, 2009. -160 с.
11. Калбосӣӣ, Ирон. Сохти иштиқоқии вожа дар форсии имрӯз/ Ирон Калбоси. Чопи аввал. – Теҳрон: Интишороти муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1371.-222 с.
12. Калонова М.Д. Структурно-семантический анализ словообразования именных частей речи (имя существительное и имя прилагательное) в поэзии Хафиза Ширази: дис. … канд. филол. наук: 10.02.22 / М.Д. Калонова. - Душанбе‚ 2017. – 175 с.
13. Карминагӣ‚ М. Тӯҳфаи хонӣ. Дастнависи №1426 Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон / Карминагӣ‚ М.
14. Табаров Х. Н. Лексико-морфологические особенности языка поэзии Хаджи Хусайна Кангурти: дис… канд. филол. наук: 10.02.22 / Х.Н. Табаров. - Душанбе, 2011.- 168 с.
15. Табаров, Х.Н. Лексико-морфологические особенности языка поэзии Хаджи Хусайна Кангурти: автореф. дис.… канд. филол. наук: 10.02.22 / Х.Н. Табаров. - Душанбе, 2011.- 24 с.
16. ҶобировА.Б. Вижагиҳоизабониикитоби«Бахшеазтафсири куҳан»: дис…бароидарёфтидараҷаиилмииномзадиилмҳоифилологӣазрӯиихтисоси: 10.02.22 / А.Б. Ҷобиров. - Душанбе‚ 2018. – 191 с.
17. Шанский Н.М. Очерки по русскому словообразованию/Н.М.Шанский. –М.:Издательство Московского университета, 1968. -268 с.