0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Дар бораи маонии як рубоии устод Рўдакӣ

Муаллиф (он)

Юлдошев Абдулло Қурбонмаматович

Чакидаи мақола

Назаре, ки дар мақола ба маонии як рубоии устод Рўдакӣ андохта шуд, як ҳадаф дошт. Ин ҳам бошад муайян кардани  пайванди он маонӣ ба шеъре, ки  то устод Рўдакӣ суруда мешуд. Хулосаи рубоӣ аз нигоҳи маонӣ чунин аст, ки маъшуқа ҷўё ва муштоқи ошиқ тасввир шудааст. Мулоҳизае бо далелҳое пешниҳод мешавад, ки чунин тасвир дар шеъри ошиқонаи араб вуҷуд надорад. Чӣ ба замони ҷоҳилият ва чӣ ба замони ислом.  Ҷустуҷўҳо ба он оварда мерасонанд, ки чунин тасвири маъшуқа дар адабиётҳое, ки  метавонистанд ба шеъри замони Сомониён таъсир расонанд, вуҷуд дошт.  Дар ин росто ба сифати далел аз се пояи ғайриэронӣ зикр мешавад. Яке қиссаи ҳазрати Юсуф, ки дар сифри Пайдоиши “Таврот” дар чордаҳ фасл омадааст, дигаре “Ғазали ғазалҳои ҳазрати Сулаймон”, ки низ дар “Таврот”  омадааст. Ҳоҷат ба баён нест, ки бонуи мисрӣ чӣ гуна ба ҳазрати Юсуф дил мебандад ва чӣ корҳое намекунад. Тақрибан ҳамин гуна муносибатро нисбат ба ҷавон духтаракони Иерусалим дар “Ғазалҳо” нишон медиҳанд. Ва боз ҳам ҳоҷат ба баён нест, ки дар Қуръони карим сураи ҳазрати Юсуф дар яксаду ёздаҳ оят нозил шудааст.

Дар адабиёти тоисломии халқҳои эронӣ ва хосса дар худойномаҳо ва ривоятҳои дигар маъшуқа бебокона барои бахти худ талош мекунад. Дар мақола дар назар дошта шудааст, ки сюжети моҷарои Судоба бо Сиёвуш ба моҳият ҳамон қиссаи ҳазрати Юсуф аст. Дар “Шоҳнома” чанд мисолеро мебинем, ки бонувон ҷўёи ҷавонмардон тасвир шудаанд. Масалан, Рўдоба, Судоба, Таҳмина, Манижа, Гулнор, духтари амири Ҳатра ва ғайра.

Хулоса чунин аст, ки “ёр”-и устод Рўдакӣ, агар  тайф – хаёли маъшуқа набошад, маънии барои адабиёти пешиниёни мо бегона набуд. Вале ин маънӣ дар шеъри классикӣ натавонист мавқеъ пайдо кунад. Ғолибан шояд  ба эътиборҳои ахлоқи исломӣ.

Калидвожаҳо

Таврот, Ғазали ғазалҳо, Қуръони карим,”Шоҳнома”, Юсуф, ҳамсари Азизи Миср, Рудоба, Судоба, Таҳмина, Манижа, Гулнор

Пайнавишт

1. Девони Рӯдакӣ, таҳияи Қодири Рустам. –  Душанбе, 2015. – 334 с.

2. Марзубонӣ. “ал-Мувашшаҳ”.  – Қоҳира, 1965. –  704 c.

3. Антара. Девон. –  Бейрут, 1893. – 96 с.

4. Нобиға.  Девон. – Бейрут, 1969. –  223 с.

5.Ибни Қутайба, “аш-Шеър ва-ш-шуаро”, Бейрут, 1964, 900 с; Крачковский И.Ю. Избранные сочинения, том II, М-Л., 1956, Арабская поэзия. 11 стр.

6.Библия. Синодальный перевод, Песнь песней Соломона. 8 стр/ Лирическая поэзия древнего Востока. –М.: Наука, таҳия ва тарҷумаи Дьяконов И.М. 1984, 240 стр; Шомлу Аҳмад. Ғазали ғазалҳои Сулаймон, тарҷумаи Аҳмади Шомлу аз “Аҳди атиқ” . www.shamloy.blogsky.com. 25 с.

7. Библия. Синодальный перевод. Бытие. Главы 37-50.

8. Нёлдеке Т. Ҳамосаи миллии Эрон, Теҳрон, 1978, 177с.

9. Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, Душанбе, 1966. Ҷ.7 652 с.

10.Марзубонӣ, ал-Мувашшаҳ, Қоҳира, 1965, 704 с.

11. Ибни Қутайба, “аш-Шеър ва-ш-шуаро”, Бейрут, 1964, 900 с.

12. Ибн Қутайба, “аш-Шеър ва-ш-шуаро”, Бейрут, 1964, 900 с.

13. Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, Душанбе, 1987. Ҷ.2. 319 с.

14. Х. Шарифзода, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”, Душанбе, 2018,400 с.

15.Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, Душанбе, 1988,  ҷ.4.406 с.

16. Саолибӣ Абу Мансур “Ғурару ахбори мулуки-л-фурси ва сияриҳим”, матни интиқодӣ ва тарҷумаи фаронсавии Ҳ. Зотенберг, Теҳрон, 1963. 803 с.

17. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958, 407 с.

18. Девони Рӯдакӣ, Душанбе, 2015, 344 с.

19. Авфӣ, “Лубобу-л-албоб”, Теҳрон, 1957, 872 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Сентябрь 2020