0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Амсилаҳои лексикию грамматикии экспрессияи матни бадеӣ ва сохторҳои мантиқию семантикии онҳо

Муаллиф (он)

Дусматова Шахло Валиевна

Чакидаи мақола

Дар мақола масъалаҳои услубпардозии экспрессия дар матни бадеӣ баррасӣ шудааст. Намунаи ҳалли саҳеҳи ин масъала дар маводи ашъори Камоли Хуҷандӣ пешниҳод гарди¬дааст. Роҳу тарзҳои экспрессияи семантикии аломатҳои каломӣ ва услубпардозии  онҳо дар матни бадеӣ мудаллал шудааст. Тавсифи ба худ хоси забоншиносии услуб¬пардозии экспрессия, доираи  татбиқи он, тарзҳои  объективӣ ва образноку ассотсиа¬тивии инъикоси  воқеияти бадеӣ пешниҳод гардидаанд, ҳолатҳои типии матнӣ ошкор карда шудаанд. Тадқиқи  раванди тағйирёбии маъноии лексикае, ки дучори услубпар¬дозии экспрессивӣ гардидааст ва ҳангоми тасвиру  тавсифи манзуми бадеӣ маъноҳои нави образноку ассотсиативӣ касб кардани онҳо, вобастагии низомманди онҳо аз талаботи ҳолатҳои матнӣ аз ҷумлаи масоили муҳим ба ҳисоб мераванд. Тарзҳои ифодаи экспрессия,  ки тавсифи ба худ хос, шарҳу эзоҳоти мухталифро пайдо мекунад,  нисбатан муфассал пешниҳод шудаанд.

Калидвожаҳо

услубпардозӣ, экспрессия, ривояти бадеӣ, доираи ифодаи экспрессия, ҳолатҳои матнӣ, қонуниятҳои услубпардозии экспрессивӣ, тобиши услубӣ, услубшиносии функсионалӣ

Пайнавишт

1.    Виноградов, В.В. О теории художественной речи. – М.: Высшая школа, 1971. – 240 с.

2.    Виноградов, В.В. Итоги обсуждения вопросов стилистики // Вопросы языкознания. – 1955. - №1.- С. 73.

3.    Винокур, Г.О. Язык художественной литературы. Язык писателя / Избранные работы по русскому языку. – М.,1959. - 492 с.

4.    Камоли Хуҷандӣ. Девон. – Хуҷанд, 2011. – 630 с.

5.    Максудов, Б.К. Худжанди и основные вопросы идейно-художественного содержания его газелей.- Душанбе: АКД, 1992. – 23 с.

6.    Хайём Умар. Рубоиёт. –Тошканд: Ғафурғулом, 1970. – 304 с.

7.    Шмелев, Д.Н. Слово и образ. - М.: Наука,  1964. – 120 с.       

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020