0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Хусусияти ҳаммаъноии композитҳо дар назми Мирзо Бедил

Муаллиф (он)

Олимҷонов Мӯсо Обидович

Чакидаи мақола

Мақолаи мазкур ба таҳқиқи композитҳои муродифи назми Мирзо Абдулқодири Бедил ихтисос дорад. Аҳли таҳқиқ калимасозиро яке аз сарчашмаҳои зуҳури калимаҳои ҳаммаъно донистаанд, вале мутаассифона, ба мушоҳида мерасад, ки дар заминаи мероси ягон адиби алоҳида ин хусусияти композитҳо мавриди таҳкиқ қарор наёфтааст. Муаллиф кӯшидааст, ки дар заминаи маводи композитҳои “калимаи арабӣ+калимаи тоҷикӣ” доир ба ҳаммаъноии композитҳои назми Мирзо Бедил андешаҳои худро баён намояд. Дар натиҷаи омӯзиши маводи гирдоварда муаллиф ба бардоште мерасад, ки муродифгардии композитҳо дар назми Мирзо Бедил дар натиҷаи ду омил ба вуҷуд омадааст: 1) ивази компоненти аввали композит, чун аламхона - ғамхона - мотамхона; саломатхона - сафохона ва ғ.; 2) ивази компоненти дувуми композит, мисли ишратбино - ишратхона; мотамсаро - мотамхона; сайрорзу - сайроҳанг; хилватсаро - хилватхона; маъниогоҳ - маъниошно ва ғ. Ҳамчунин муаллиф ба мушоҳида гирифтааст, ки композитҳои қолаби “калимаи арабӣ+калимаи тоҷикӣ” метавонанд бо композитҳои қолаби дигар, мисли “калимаи арабӣ+калимаи арабӣ” хусусияти муродифӣ зоҳир намоянд, мисли композитҳои маҷнунтинат ва маҷнунсиришт. Аксари композитҳои ҳаммаънои назми Мирзо Бедил дар фарҳангҳои тафсирӣ дучор намеоянд ва муаллиф онҳоро маҳсули тахайюли шоир медонад.

Калидвожаҳо

муродифот, таркиби луғавӣ, Бедил, композит, компонент, қолаб.

Пайнавишт

Айнӣ, Садриддин. Мирзо Абдулқодири Бедил. / Садриддин Айнӣ. -Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. -340 с.

2.    Бедили Деҳлавӣ. Куллиёт. Ҷилдҳои 1-4. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста, Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифа Баноравонӣ. / Бедили Деҳлавӣ.  -Теҳрон: Талоя, 1389. Ҷилди 1 (бахши аввал). Ғазалиёт. -798с.; Ҷилди 1 (бахши дувум). Ғазалиёт. -1600с.; Ҷилди 2. Таркиббанд; Тарҷеъбанд; Қасоид; Қитъаот; Рубоиёт -650 с.; Ҷилди 3. Маснавиҳо. -812с.; Ҷилди 4. Чаҳор унсур; Руқаот; Нукот. -582 с.

3.    Василевская Е.А. Словосложение в русском языке. / Е.А. Василевская. -М.: Учпедгиз, 1962. -132 с.

4.    Деҳхудо, Алиакбар. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду муҷаллад. (зери назари дуктур Саъидҷаъфари Шаҳидӣ). / Алиакбар Деҳхудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. Ҷ.1-2. -3224с.

5.    Ефимов А.И. Стилистика русского языка. / А.И.Ефимов. -М: Просвещение, 1969. -260 с.

6.    Забони ҳозираи тоҷик. Лексика. -Душанбе, 1981.

7.    Камолиддинов Б. Ҳусни баён. Қисми 1. / Б.Камолиддинов. -Душанбе: Маориф, 1989. -120 с.

8.    Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1. Луғатшиносӣ. / Ҳ.Маҷидов. -Душанбе: Деваштич, 2007. -255с.

9.    Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ. Дар шаш муҷаллад. М.Муин. - Теҳрон: Амири Кабир, 1375. Ҷ.1-4. -5277с.; Ҷ.5-6. -2351с.

10.  Нурзод Н. Фурӯғи фитрати маънӣ (нашри дувум бо таҳриру иловаҳо). / Н.Нурзод. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2008. -224 с.

11.  Степанова М.Д., Чернышева И.И. Лексикология современного немецкого языка. / М.Д.Степанова, И.И.Чернышева -М.: Высшая школа, 1962. -309 с.

12.  Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Дар 2 ҷилд (дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). -М.: Со-ветская энсиклопедия, 1969. Ҷ.1. -951с.; Ҷ.2.-949 с.

13.       Шанский Н.М. Лексикология современного русского языка. / Н.М.Шанский. -М.: Просвещение, 1972. -326 с.

Таърихи нашр

Суббота, 29 Июнь 2019