0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Чанд сухан оид ба вомвожаҳои гуфтугӯии осори Анвар Олим

Муаллиф (он)

Хоҷаева Муқаддас Олимовна

Чакидаи мақола

То ҳол дар забоншиносии тоҷик вижагиҳои корбасти вомвожаҳои гуфтугўии осори нависандагони алоҳида мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор нагирифтааст, ки ин нукта муҳиммияти мавзўи тадқиқи мақоларо муайян менамояд. Дар мақола вомвожаҳои гуфтугўии арабӣ ва ўзбекии осори нависандаи хушқареҳа Анвар Олим ба риштаи тадқиқ кашида шудаанд. Таъкид гардидааст, ки ҳарчанд миқдори вомвожаҳои гуфтугўӣ дар осори адиб зиёд нестанд, онҳо чи аз лиҳози шакл ва чи аз нуқтаи назари тобиши маъно вижагиҳои хос доранд. Ваҷҳи тасмияи як қатор вомвожаҳои гуфтугўии мавриди таҳлил бо истифода аз фарҳангҳои қуруни вусто, аз қабили фарҳангҳои “Фахри Қаввос” (асри ХIV), “Бурҳони қотеъ” (садаи ХVII), “Ғиёс-ул-луғот” (қарни ХIХ) ва луғатҳои тафсирию дузабонаи муосир муқаррар карда шудааст.

Калидвожаҳо

таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ, вомвожаҳо, вомвожаҳои гуфтугўӣ, лаҳҷаи Хуҷанд, эҷодиёти Анвар Олим, вомвожаҳои гуфтугўии арабӣ, вомвожаҳои гуфтугўии ўзбекӣ, ваҷҳи тасмия

Пайнавишт

1.         Азизқулов Ҷ. Андўхти рўзгор. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 552 с.

2.         Айнӣ, С. Куллиёт. Ҷ.12. – Душанбе: Ирфон, 1976. 564 +206 с.

3.         Арабско – русский словарь. Составитель Баранов Х.К. – М.: Редакция ино-странных и национальных словарей, 1957. – 2188 с.

4.         Большой русско – арабский и арабско – русский словарь. Составитель Юшманов Ю.С. – М.: ООО “Дом славянской книги”, 2011. – 360 с.

5.         Бурҳон, Муҳаммад Хусайн Халафи Табрезӣ. Бурҳони қонеъ. Ба эҳтимоми Муҳаммад Муин. Дар панҷ муҷаллад: - Теҳрон, Амири Кабир, 1357.

6.         Ғаффоров Р. Забон ва услуби Раҳим Ҷалил. – Душанбе: Дониш, 1966. – 224 с.

7.         Луғати тоҷикӣ – русӣ. Дар зери таҳрири М.В. Раҳимӣ ва Л.Қ.Успенская. М.: Нашриёти давлатии луғатҳои хориҷӣ ва миллӣ. 1954. -780 с.

8.         Маҷидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик. – Душанбе, 1982.- 103 с.

9.         Муин М. Фарҳанги форсӣ. Дар шаш муҷаллад. – Теҳрон: Амири Кабир.

10.       Олим Анвар. Бачаи лалмӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 340 с.

11.       Олим Анвар. Моҳмомо. – Хуҷанд, 2016. – 288 с.

12.       Олим Анвар. Дар ломакон. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2013. – 498 с.

13.       Персидско –русский словарь. Под.ред. Ю.А. Рубинчика. В двух томах. – М: Русский язык, 1983

14.       Ромпурӣ Ғиёсуддин. Ғиёс- ул- луғот. Дар се ҷилд. – Душанбе: Адиб, 1988.

15.       Русско – таджикский словарь. Под ред.члена – корреспондента АН СССР М.С. Асимова . – М: Русский язык, 1985.- 1280 с.

16.       Самарқандӣ Ҳаёт Неъмат. Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлоно. – Душанбе: Адиб, 2018. – 400 с.

17.       Узбек тилининг изоҳли луғатӣ. 5 жилдӣ. – Тошкент: Давлат илмий нашриётӣ, 2008

18.       Фарҳанги забони тоҷикӣ. Иборат аз ду ҷилд. – М:  Советская энсиклопедия, 1969.

19.       Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. – Душанбе, 2006. – 784 с.

20.       Фарҳанги тоҷикӣ ба тоҷикии интернетӣ.

21.       Фахри Қаввос. Фарҳанги Қаввос. Фароҳамоварандагони матн, муаллифони пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристҳо Муқаддасхон Хоҷаева ва Саидумрон Саидов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. – 293 с.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020