Таҳқиқи диахронии лексикаи ҳуқуқии рисолаи “Šāyast nē Šāyast”-и форсии миёна (асрҳои VII–IX милодӣ) ва бозтоби он дар забони адабии муосири тоҷикӣ ва низоми амалкунандаи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар асоси глоссарияи М. Товусӣ (Донишгоҳи Шероз, 1365/1986) ва бо истифода аз усули интихоби фарогир чор майдони маъноии лексикаи ҳуқуқӣ муайян карда шудааст: манъ ва нақзи меъёр; ҷазо ва маҷбуркунӣ; ҷуброни зарар; олудашавии маросимӣ. Барои ҳар як воҳиди луғавӣ занҷираи диахронии «леммаи форсии миёна - этимология - вазифаи семантикӣ дар матни ёдгор - бозтоби тоҷикӣ - корбурд дар қонунгузории муосир» барқарор карда мешавад. Се навъи асосии сарнавишти диахронии истилоҳоти ҳуқуқӣ мушаххас гардидааст: меросбардории мустақими луғавӣ; бозсозии маъноӣ; ҷойгузинии иқтибосҳои арабӣ бо ҳифзи калкаҳои сохторӣ. Собит гардидааст, ки гузариш аз низоми ҳуқуқии зардуштӣ ба ҳуқуқи исломӣ ва баъдан ба низоми ҳуқуқии шуравӣ асосан на хусусияти консептуалӣ, балки хусусияти истилоҳӣ дошт: категорияҳои бунёдии ҳуқуқии низоми зардуштӣ дар шакли тағйирёфта дар қонунгузории муосири тоҷик ба мерос гирифта шудаанд.
забони форсии миёна; Šāyast nē Šāyast; лексикаи ҳуқуқӣ; забони адабии тоҷикӣ; лексикологияи таърихӣ; ҳуқуқи зардуштӣ; иқтибосҳои арабӣ; ҳуқуқи ҷиноятӣ; истилоҳоти диахронӣ
1. Авесто / Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. — Душанбе: Қонуният, 2001. — 792 с.
2. Бердыева Т. Лингвистические и экстралингвистические причины арабских заимствований в таджикском языке / Т. Бердыева. — Душанбе: Ирфон, 1971. — 145 с.
3. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси нашри 1998. Бо тағйироту иловаҳо). — Душанбе: Қонуният, 2018. — 428 с.
4. Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон. — Сталинобод: Нашрдавлтоҷ, 1961. — 116 с.
5. Маллаева М. А. Истилоҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ ва вежагиҳои онҳо дар забони тоҷикӣ / М. А. Маллаева // Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2015. — № 4 (65). — С. 138–145.
6. Маллаева М. А. Аврупоизмҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон / М. А. Маллаева // Ахбори ДДҲБСТ. — Хуҷанд: Дабир, 2018. — № 1 (74). — С. 127–134.
7. Маллаева М. А. Вожаҳои сермаъно дар ҳуқуқ / М. А. Маллаева // Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. — Душанбе: Дониш, 2020. — № 2 (259). — С. 196–201.
8. Маллаева М. А. Пайдоиши истилоҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ дар забони тоҷикӣ ва даврабандии он / М. А. Маллаева // Забон ва рукни он. — Хуҷанд: Дабир, 2020. — С. 81–87.
9. Периханян А. Г. Сасанидский судебник. Книга тысячи судебных решений. — Ереван: АН АрмССР, 1973. — 540 с.
10.Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна / Д. Саймиддинов. — Душанбе: Пайванд, 2001. — 204 с.
11.Тавуси М. Vāže-nāme-ye Šāyast nē Šāyast: A Pahlavi-Persian Glossary and Six Indexes. — Шираз: Ширазский университет, 1365/1986. — 375 с.
12.Фарҳанги забони тоҷикӣ. — Москва: СЭ, 1969. — Ҷ. 1–2.
13.Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. — Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008–2010. — Ҷ. 1–2.
14.Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (нашри дуюм). — Душанбе: Эр-граф, 2009. — 574 с.
15.Шокиров Т. С. Истилоҳоти ҳуқуқшиносии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ/ Т. С. Шокиров. — Хуҷанд: Хуросон, 2008. — 118 с.
16.Шокиров Т. С. Формирование и развитие юридических терминов таджикского языка: дис. … д-ра филол. наук: 10.02.22 / Т. С. Шокиров. — Душанбе: ТНУ, 2011. — 357 с.
17.Bartholomae Ch. Altiranisches Wörterbuch. — Strassburg: Trübner, 1904. — 2000 Sp.
18.Bartholomae Ch. Указ. соч. — Sp. 263.