0.0/5 овоз (0 овозҳо)

БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ КОНСТРУКСИЯҲОИ АЛОҚАИ ПАЙВАСТӢ ДАР ЗАБОНҲОИ ӮЗБЕКӢ ВА ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Шеранов Б.Г., Абдукаримова Ф.Ш.

Чакидаи мақола

Таносуби такрор ва  параллелизми сохторӣ дар  конструксияҳои дорои алоқаи пайвастӣ дар забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ таҳлил шудааст. Хусусиятҳои амалкарди такрор дар забонҳои мавриди муқоиса, аз ҷумла нақши он дар ташкили ҷузъҳои асосии конструксияҳои мураккаби синтаксисӣ баррасӣ шудаанд. Мафҳуми такрор ва параллелизм, ки чун категорияҳои маъноӣ-грамматикӣ ва услубӣ баррасӣ мешаванд, тафриқабандӣ гардидаанд. Нақш ва аҳаммияти алоқаҳои пайвастӣ ва тобеӣ дар истифодаи такрор, ҳамчунин мавридҳои пайдо шудани намудҳои мобайнии алоқаи синтаксисӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Мутобиқан ба ҷойгиршавии ҷузъҳои пайвастшаванда алоқаи пайвастии тамосӣ (контактӣ) ва алоқаи пайвастии дистантӣ ҷудо карда шудааст. Такрор ва параллелизми синтаксисӣ чун воситаҳои муҳимми синтаксисӣ-услубии ташкили ҷумлаҳои мураккаб, аз ҷумла дар конструксияҳои мураккаби бепайвандак баррасӣ шудааст. Таъкид мегардад, ки бознамоии такрор ба тақвияти маънои фикр, баланд бардоштани экспрессивияти он ва ташаккули конструксияҳои мураккаби синтаксисӣ бо алоқаи пайвастӣ мусоидат мекунад.

Калидвожаҳо

забони ӯзбекӣ; забони тоҷикӣ; алоқаи пайвастӣ; конструксия; параллелизми синтаксисӣ; такрор

Пайнавишт

1.    Абдурахмонов Х. Ӯзбек халқ оғзаки ижоди асарларининг синтактик хусусиятлари бӯйича кузатишлар / Х. Абдурахмонов. – Ташкент: Фан, 1971. – 184 б.

2.    Акимова, Г.Н. Новое в синтаксисе современного русского языка / Акимова Г.Н. – Москва: Высшая школа, 1990. – 168 с.

3.    Балли Ш. Общая лингвистика и вопросы французского языка / пер. с франц. / Балли Ш.  – Москва, 1955. – 416 с.

4.    Гафуров Н. А. Структура и семантика повтора: лингвистический аспект (на материале таджикского языка): дисс… канд. филологических наук. – Бохтар, 2019. - 161 с.

5.    Зикриёев Ф. Куллиёти осор. Ҷилди якум / Зикриёев Ф. – Душанбе: Маориф, 2021. – 592 с.

6.    Мамаджонов А., Махмудов У. Услубий воситалар / А. Мамаджонов, У. Махмудов. – Фарғона, 1996.  – 147 б.

7.    Прияткина А.Ф. Русский язык. Синтаксис осложненного предложения. - Москва: Высшая школа, 1990. – 176 с.

8.    Шеронов Б. Ғ. Ӯзбек тили гап қурилишида лисоний ортиқчалик: филол. фан. номз. диссертацияси. – Тошкент, 1996. – 138 б.

9.    Шомақсудов А., Расулов И., Қӯнғуров Р., Рустамов Х.  Ӯзбек тили стилистикаси. – Тошкент: Ӯқитувчи, 1983. – 233 б.

 

Таърихи нашр

Суббота, 17 Октябрь 2026