Хусусиятҳои истифодаи воситаҳои паралингвистии ифодаи ҳолатҳои эҳсосии инсон дар матнҳои бадеии забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ дар намунаи асарҳои Й. Ҳопфнер, Т. Манн ва Ф. Муҳаммадиев баррасӣ шудаанд. Мақсади таҳқиқ муайян намудани тарзу роҳҳои номгузории ҳолатҳои эҳсосотӣ тавассути воситаҳои паралингвистӣ ва муайян кардани хусусиятҳои амалкарди онҳо дар матни бадеӣ мебошад. Ҳолатҳои психофизиологӣ ва коммуникативии эҳсосотӣ, ки тавассути қиёфасозӣ, имову ишора, ҳаракатҳои тан ва дигар воситаҳои паралингвистӣ ифода меёбанд, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ба кинемаҳои эҳсосотӣ, инчунин ба ҷудокунии воситаҳои паралингвистии стандартӣ ва ғайристандартӣ ва тарзу роҳҳои номгузории онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар асоси маводи матнҳои бадеии олмонӣ ва тоҷикӣ хусусиятҳои ифодаи ҳолатҳои эҳсосии персонажҳо таҳлил карда мешаванд. Муайян гардид, ки дар матнҳои бадеии олмонӣ воситаҳои паралингвистии стандартӣ ҳангоми тасвири ҳолатҳои эҳсосии персонажҳо бештар истифода мешаванд, дар ҳоле ки дар матнҳои бадеии тоҷикӣ чунин фаъолнокӣ ба дараҷаи камтар мушоҳида мегардад. Фарқҳои ошкоршуда бо хусусиятҳои матнҳои бадеии ҳар ду забон ва услуби фардии муаллифони онҳо алоқаманд мебошанд.
воситаҳои паралингвистии ифодаи эҳсосот; тарзу роҳҳои номгузории ҳолатҳои эҳсосотӣ; ҳолатҳои психофизиологии эҳсосотӣ; воситаҳои паралингвистии стандартӣ ва ғайристандартӣ; кинемаҳои эҳсосотӣ
1. Баженова И. С. Способы номинации эмоциональных состояний человека в немецких художественных текстах // Семантика, прагматика, текст. Сб. науч. тр. МГПИИЯ им. М. Тореза, Вып. 290. – Москва, 1987. – С. 115–125.
2. Городникова М. Д. Эмоциональные кинемы и их номинация в текстах // Лингвистика текста // Сб. науч. тр. МГПИИЯ им. М. Тореза. – Вып. 141. – Москва, 1980. – С. 85–96.
3. Городникова М. Д. Эмотивные явления в речевой коммуникации. – Москва: МГПИИЯ им. М. Тореза, 1985. – 135 с.
4. Долинин К. А. Интерпретация текста. – Москва: Просвещение, 1985. – 126 с.
5. Железанова Т. Т. Номинация паралингвистических явлений в современном немецком языке. Автореф. дис. ... канд. филол. наук / МГПИИЯ им. М. Тореза. – Москва, 1982. – 24 с.
6. Шаховский В. И. О комплексном подходе к изучению эмоционального значения в языке // Иностранные языки в высшей школе, 1978, № 13 –С. 66–70.
7. J. Hopfner. Verhängnis von Elysium. Verlag „Das neue Berlin“, 1985. – 262 S.
8. Avon Hoff. Seit jener Walzernacht im Schloss. Verlag Karl Müller GmbH, Köln 2004. – 384 S.
9. Th. Mann. Buddenbrooks. Aufbau-Verlag Berlin und Weimar, 1969. – 760 S.
10.Ф. Муҳаммадиев. Куллиёт, Ҷилди 1. Ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1990. – 384 с.
11.Ф. Муҳаммадиев. Куллиёт, Ҷилди 2. Повестҳо. – Душанбе: Адиб, 1990. – 448 с.