0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ЧАНД СУХАН ОИД БА АВЗОНИ АШЪОРИ КИСОИИ МАРВАЗӢ

Муаллиф (он)

Манонова М.Т.

Чакидаи мақола

Авзони ашъори бозмондаи шоири барҷастаи нимаи дувуми асри Х ва оғози асри ХI Кисоии Марвазӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки ҳангоми таҳқиқи ашъори шоирони давраи Сомонӣ, ки девони онҳо то ба рӯзҳои мо омада нарасидааст, вазни шеър на аз рӯи мансубияти жанрӣ, балки тибқи порчаҳои шеърӣ муайян карда мешаванд. Баҳр ва авзони шеърҳои бозмондаи Кисоӣ ба тариқи зайл тасниф карда шудааст: ҳазаҷ – 23 порчаи шеърӣ, рамал – 13, мутақориб – 2, музореъ – 28, муҷтас – 21, хафиф – 14, мунсареҳ – 7, сареъ – 4 порчаи шеърӣ. Хулоса шудааст, ки вазни аз ҳама серистеъмол ҳазаҷ, авзони хафиф ва рамал муътадилистеъмол мебошанд. Вазнҳои сареъ, мунсареҳ ва мунтақориб ба қатори вазнҳои камистеъмол дохил мешаванд. Таҳлили интиқодии мақолаи П.Назирова, ки дар адабиётшиносии тоҷик мақолаи ягонаи бахшида ба мавзуи мавриди баҳс маҳсуб мегардад, сурат гирифтааст.

Калидвожаҳо

адабиёти форсии тоҷикии асрҳои Х-ХI; ашъори Кисоии Марвазӣ; вазни шеър; ҳазаҷ; хафиф; рамал; музореъ 

Пайнавишт

1.    Назирова, Паринамоҳ. Масъалаҳои вазни шеъри Кисоӣ// Садои Шарқ, 2025. -№8, -С.142-154.

2.    Азизов, Сорбон. Баъзе мулоҳизаҳо роҷеъ ба поэтикаи ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ// Номаи донишгоҳ, 2018, №4(57) - С.114-123

3.    Нарзиқул, Мисбоҳиддин. Вазни шеъри тоҷикӣ. -Душанбе: Мега-принт, 2021. - 144с.

4.    Сирус, Баҳром. Вазни осори боқимондаи Рӯдакӣ // Рӯдакӣ ва замони ӯ. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958. -С.128-141.

5.    Риёҳӣ, Муҳаммадамин. Кисоии Марвазӣ [Матн] / Муҳаммадамини Риёҳӣ. Зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ. – Теҳрон: Интишороти илмӣ, чопи ҳафтум, 1375. – 158 с.

6.    Розӣ, Шамс Қайс. Алмуъҷам фӣ маъойири ашъор-ил-Аҷам. Ба тасҳеҳи Муҳаммади Қазвинӣ. - Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1327. - 513с.

7.    Мақсудов Бадриддин. Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ. [Матн] / Б.Мақсудов. – Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2009. – 555 с.

8.    Ахтарони адаб (силсила). Ашъори ҳакимон ва орифон [Матн] / Таҳиягарон Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Ҷилди 13. – Душанбе: Адиб, 2016. – 480 с.

9.    Сатторзода, Абдунабӣ. Аз Рӯдакӣ то Лоиқ [Матн] / Абдунабӣ Сатторзода – Душанбе: Адиб, 2013. – 176 с.

10.Фарзод, Масъуд. Арӯзи Рӯдакӣ // Ёди ёри меҳрубон. Сайре дар зиндагӣ ва сурудаҳои Рӯдакӣ. Ба кӯшиши Алии Даҳбошӣ – Теҳрон: Садои муосир, 1385. –С.267-307.

11.Низомӣ, Муҳриддин. Поэтикаи ғазалиёти Аттори Нишопурӣ. [Матн] / Муҳриддин Низомӣ. – Душанбе: Абдураҳмон-Р, 2023. – 248 с.

Таърихи нашр

Суббота, 17 Октябрь 2026