0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ВИЖАГИҲОИ ИСТИФОДАИ ҚОФИЯ ВА РАДИФ ДАР АШЪОРИ КИСОИИ МАРВАЗӢ

Муаллиф (он)

Манонова М.Т.

Чакидаи мақола

Вижагиҳои истифодаи қофия ва радиф дар ашъори яке аз намояндагони маъруфи адабиёти охири давраи Сомониён ва аввали аҳди Ғазнавиён Кисоии Марвазӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Қайд гардидааст, ки дар бораи вижагиҳои корбурди қофия ва радиф дар ашъори Кисоии Марвазӣ таҳқиқи алоҳидае анҷом наёфтааст. Дар ашъори Кисоӣ аз 25 навъи қофияи муайяннамудаи адабиётшиноси номӣ Баҳром Сирус 8 навъи он, аз ҷумла қофияи муқайяд бо намудҳояш, қофияи мутлақ ва навъҳои он, қофияи ҷалӣ корбаст шудааст. Инчунин шоир аз қофияҳои дарунӣ, бино ба таъкиди Муҳаммадризо Шавеии Кадканӣ “қофияи муаккад” фаровон корбаст намудааст, ки боиси тақвияти мусиқияти шеър ва оҳангнокии он гаштааст. Истифодаи радифҳои содаи феълӣ дар 7 маврид муайян карда шудааст.

Калидвожаҳо

назми тоҷикии асрҳои Х-ХI, эҷодиёти Кисоии Марвазӣ, қофия, қофияи муқайяд, қофияи мутлақ, қофияи муаккад, радиф

Пайнавишт

1.       Розӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Қайс. Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъор-ил-Аҷам. –Теҳрон, 1349. -553с

2.       Риёҳӣ, Муҳаммад Амин. Кисоии Марвазӣ. - Теҳрон, чопи ҳафтум, 1375. -158 с.

3.       Сирус, Баҳром. Қофия дар назми тоҷик. –Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1955. -186с.

4.       Шафеии Кадканӣ. Мусиқии шеър. –Теҳрон, 1370. -679с.

5.       Низомӣ, Муҳриддин. Поэтикаи ғазалиёти Аттори Нишопурӣ. –Душанбе: “Абдураҳмон-Р”, 2023. -248с.

6.       Сирус, Баҳром. Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик. –Душанбе: Ирфон, 1972. -48с.

7.       Мусулмонқулов, Раҳим. Назарияи адабиёт. –Душанбе: Ирфон, 1990. -335с.

Таърихи нашр

Среда, 29 Октябрь 2025