0.0/5 овоз (0 овозҳо)

УСУЛҲОИ ТАРҶУМАИ ВОЖАҲОИ АСЛИИ ТОҶИКИИ СЕРМАЪНОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Муаллиф (он)

Шарипова Ш.М.

Чакидаи мақола

Хусусиятҳои сермаъноӣ зоҳир кардани унсурҳои луғавии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ баррасӣ шуда, дар асоси маводи асар муайян гардидааст, ки дар он гурӯҳе аз калимаҳо аз ду то ҳафт маъноро ифода кардаанд. Аз қиёси теъдоди калимаҳои сермаъно хулоса шудааст, ки миқдори бештари калимаҳо дорои ду маъно буда, теъдоди калимаҳои ҳафтмаъно хеле кам аст. Чунин калимаҳоро тарҷумони англисии асар низ бо айни як унсури луғавии англисӣ тарҷума карда, гоҳ мувофиқати пурра доштан ва гоҳи дигар бо фарқҳои ҷузъӣ баргардон шудани онҳоро таъкид намудааст. Таъкид шудааст, бархе аз маъноҳои калимаҳо хоси сабки баёни Мавлавӣ мебошанд, зеро мураттибони луғатномаҳо пас аз шарҳи маъно танҳо аз осори ӯ далели шеърӣ зикр намудаанд. Муқоисаи маъноҳои калимаҳо дар фарҳангномаҳои тоҷикиву англисӣ ва «Маснавии маънавӣ» қайдгардида муаллифро ба хулосае овардааст, ки чанде аз маъноҳои дар асар дарҷёфта дар луғатномаҳо ишора нашудаанд.

Калидвожаҳо

забони тоҷикӣ, забони англисӣ, «Маснавии маънавӣ», сабки баён, ҳодисаи сермаъноӣ, тарҷума, думаъноӣ,  ҳафтмаъноӣ

Пайнавишт

1.    Гулназарзода Ж.Низоми маъноии феъл дар забони тоҷикӣ (бар мабнои осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ). –Душанбе: Матбааи ҶДММ «Абдураҳмон-Р». -330с.

2.    Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилди 1. –С.29-1599; ҷилди 3. –С. 3209-4800; ҷилди 7. –С.9609-11199; ҷилди 9. -С.12809-14464. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон. Чопи дувум аз давраи ҷадид, 1377.

3.    Кабиров Ш.Равобит ва ҳамнишинии воҳидҳои забон дар занҷири гуфтор. –Душанбе: 2021. -316с.

4.    Мамадназаров А.Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ. –Душанбе: Эр-граф. 2011. -1015с.

5.    Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1. Луғатшиносӣ. –Душанбе: Деваштич, 2007. -254с.

6.    Маҷидов Ҳ. Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ. –Душанбе: ҶДММ «Дақиқӣ», 2014. -351с.

7.    The Mathnawi of Jalaluddin Rumi. Edited and translated by Reynold A. Nicholson

8.    Сабзаев С. Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. –Душанбе: Ирфон, 2014. -519с.

9.    Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1, -949с.; ҷилди 2, -951с. Зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, А. Маъсумӣ. –М.: Советская энсиклопедия, 1969.

10.Фомина М.И.Современный русский язык. Лексикология. –М.: Высшая школа, 1983. -334с.

11.Шукуров М.Забони мо-ҳастии мост. –Душанбе: Маориф, 1991. -231с.

Таърихи нашр

Пятница, 28 Март 2025