0.0/5 овоз (0 овозҳо)

УСУЛҲОИ ШАРҲИ ВОЖАҲОИ ҲАММАЪНО ДАР ТАЪРИХНОМАҲОИ САДАҲОИ X-XIII

Муаллиф (он)

Давлатзода Р.

Чакидаи мақола

Усулҳоизикрвашарҳивожаҳоиҳаммаънодартаърихномаҳои асрҳои X-XIIIбаррасӣ шудааст. Дарасосимаводифактологии аз ҳашттаърихномаитоҷикӣватарҷумавиисадаҳои X-XIII гирдоварда, аз ҷумла “Таърихи Табарӣ”, “Таърихи Бухоро”, тарҷумаи “Таърихи Яминӣ” ва ғайра нишондода шудааст, кинасри таърихӣ ба ғайр аз таъиноти мустақим, якеазсарчашмаҳоимуҳиммиомӯзишивожаҳоиҳаммаънобашумормеравад. Қайд гардидааст, ки муаллифон ё мутарҷимони таърихномаҳо ҳангоми зикри рухдодҳои таърихӣ дар 62 маврид аз унсурҳои лексикии ҳаммаъно ёдовар шуданд. Таъкид гардидааст, ки муаллифони таърихномаҳо баъзан мансубияти забонии як вожаи ҳаммаъно ва дар мавридҳои дигар ҳар ду вожаи ҳаммаъноро сабт мекунанд. Дар мавридҳои алоҳида номи бостонии топоним низ зикр мегардад. Хулоса шудааст, ки таърихномаҳои асримиёнагӣ низ дар қатори дигар осори хаттӣ яке аз манбаъҳои асосии огоҳшавии хонандаи имрӯза аз қайдҳои забоншиносӣ ба шумор меравад.

Калидвожаҳо

таърихномаҳои асрҳои X-XIII, таърихномаҳои тарҷумавӣ, усулҳои шарҳи вожаҳои ҳаммаъно (муродиф), мансубияти забонӣ, вожаҳои аслии тоҷикӣ ва иқтибосӣ, “Таърихи Табарӣ”, “Таърихи Бухоро”

Пайнавишт

1.    Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо С. Муллоҷон. –Душанбе: Бухоро, 2014. -774с.

2.    Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. Бо муқаддима ва тавзеҳоти М. Умаров ва Ф. Бобоев.Теҳрон, 1380 / 2001. – 817 с.

3.    Гардезӣ, Абусаид Абдулҳай. Зайну-л-ахбор. Ба хатти кирилӣ баргардони Қ. Рустам.–Душанбе: Бухоро, 2014. – 415 с.

4.    Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилди 2. / А. Деҳхудо. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1377. –С.1609-3199.

5.    Донишномаи мухтасари таърихи афкори забоншиносии тоҷик. Фароҳамоварандагон, баргардон аз хатти арабӣ ва таҳияи матнҳо Д.Хоҷаев, Н.Ф.Қурбонов, О.М.Додаров. –Душанбе: Нашриёти “Пойтахт”. 2017. – 320 с.

6.    Қӯрғонов З.Д.Муродифоти ашъори Фарзона. –Хуҷанд: Ношир, 2024. - 159 с.

7.    «Муҷмал-ут-таворих»-и маҷҳулмуаллиф. Таълиф: соли 520ҳ.\1127 м.Ба тасҳеҳи М.Т. Баҳор.Ба ҳиммати Муҳаммади Рамазонӣ. Чопи дувум. - Теҳрон, 1318. – 567 с.

8.    Наршахӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро. Мураттибон: Ғ.Ғоибов, К.Олимов, Н. Амиршоҳӣ.-Душанбе: Пайванд. 2012. – 546 с.

9.    Сабзаев С.Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. –Душанбе: Ирфон. 2014. -519с.

10.Саолибии Нишопурӣ, Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Таърихи «Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолибӣ. Таҳиягар ва муаллифи сарсухан Низомиддин Зоҳидов. –Душанбе: Бухоро,2014. -441 с.

11.Таърихи Систон. Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз М.Имомов ва А. Абдусаттор. –Душанбе: Бухоро, 2014. -352с.

12.Фарҳанги забони тоҷикӣ [Матн] / Т. Зеҳнӣ, В. А Капранов, И. А. Ализода, С. Ҷ. Арзуманов, Ҳ. Р. Рауфов, Ҳ. Муҳсинзода, Ҳ. Азизӣ-Мешкин, В. Маҳмудов, А. Сангинов, А. Воҳидов. –Москва: Советская энсиклопедия, 1969. Ҷилди 1, -951с.; ҷилди 2. -949 с.

13.  Фомина М.И.Современный русский язык. Лексикология. –Москва: Высшая школа, 1983. -334с.

14.Хоҷаев Д. Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг. 2013. -343с.

15.Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилди 2. [Матн] / М. Ҳасандӯст. Теҳрон, 1384. -2955с.

16. Ҳикматуллоев Н.Хусусиятҳои  маъноию услубии муродифоти луғавӣ. –Хуҷанд: Ношир, 2013. -147с.

17.Ҷалолова Ф.А.Афкори забоншиносӣ дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ. –Хуҷанд: МТХ “Даврон”, 2012. -160с.

18.Ҷурфодиқонӣ  А. “Тарҷумаи “Таърихи Яминӣ” [Матн] / А. Ҷурфодиқонӣ. Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот, луғот ва феҳристи Н. И. Ғиёсов. –Хуҷанд: Ношир, 2013.-416с.

19.Ҷӯраева С.Муродифот дар ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ. –Хуҷанд: Меъроҷ, 2011. -171с.

Таърихи нашр

Пятница, 28 Март 2025