Идрисхоҷаи Роҷӣ ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ натиҷаиҷабардорӣ шудааст, ки дар нуҳ сарчашма дар бораи Аҳмади Дониш маълумот мавҷуд аст. Ин маълумот аз назари муҳтаво ва ҳаҷм аз ҳамдигар тафовут дорад. Муқоисаи ахбори сарчашмаҳо ошкор кард, ки «Тазкират-уш-шуаро»-и Шаръӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам ва «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё маълумоти бештарро манзур намудааст. Дар тазкираи Абдӣ маълумот хеле мухтасар аст. Дар тазкираи Фаҳмӣ, ки нотамом аст, маълумот оварда нашудааст. Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳое, ки дар бораи Аҳмади Дониш ҳам аз назари ҳунару истеъдод ва ҳам аз назари бедории фикрӣ маълумот додааст, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ мебошад. Инчунин дар бораи ихтилофи маълумот оид ба номи Аҳмади Дониш, исми падари ӯ, ашъоре, ки ба ӯ мансуб донистаанд ва масъалаи бедории фикрии ӯ изҳори назар шудааст.
Аҳмади Дониш, тазкира, маълумот, намунаҳо, Возеҳ, Ҳашмат, Садри Зиё, Шаръӣ, Пирмастӣ, Фаҳмӣ, Абдӣ, Муҳтарам, Идрисхоҷаи Роҷӣ, Садриддин Айнӣ
1. Абдӣ, Абдуллохоҷа. Тазкират-уш-шуаро. Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Асғари Ҷонфидо. Зери назари Саҳобиддин Сиддиқов. – Душанбе: Дониш, 1983.– 304 с.
2. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Таҳия ва тасҳеҳи Мубашшири Акбарзод. – Душанбе: Адиб, 2010. – 448 с.
3. Возеҳ, Қорӣ Раҳматуллоҳ. Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб. Бо муқаддима, таҳия ва тавзеҳоти Ҷӯрабек Назрӣ. – Душанбе: Дониш, 2020. – 284 с.
4. Муҳтарам, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ. Тазкират-уш-шуаро. Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Асғари Ҷонфидо. Зери назари Камол Айнӣ.– Душанбе: Дониш, 1975. – 369 с.
5. Пирмастӣ, Афзал Махдум. Афзал-ут-тазкор фи зикр-иш-шуаро вал ашъор. Чопи литографӣ. –Тошкент, 2018.
6. Роҷӣ, Мирмуҳаммад Идрисхоҷа. Тазкират-ул-хаттотин. Таҳия ва тавзеҳоти Эраҷи Меликиён. Пешгуфтори Аскаралӣ Раҷабов. – Душанбе: Дониш, 2025 – 177 с.
7. Садри Зиё, Шарифҷон Махдум. Тазкори ашъор. Ба кӯшиши Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.- Теҳрон: Суруш, 1380.– 428 с.
8. Фаҳмӣ, Абдулмутталибхоҷа. Тазкираи Фаҳмӣ.Таҳияи матн ва пешгуфтор аз Матлубаи Мирзоюнус. – Хуҷанд: Хуросон, 2025. – 196 с.
9. Хади-заде Р. Источники к изучению таджикской литературы второй половины ХIХ века / Р. Хади-заде. – Сталинабад, 1956. – 138 с.
10.Ҳашмат, Мирсиддиқхон. Тазкират-уш-шуаро. Таҳияи Илҳом Эшонзодаи Насафӣ. Зери назари Матлубаи Мирзоюнус.– Хуҷанд, 2021. – 340 с.
11.Ҳодизода, Расул. Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX.- Душанбе: Дониш, 1968.- 291 с.
12.Шаръӣ, Ҳоҷӣ Абдулазим. Тазкират-уш-шуаро. Таҳияи Илҳом Эшонқулов. Зери назари Матлубаи Мирзоюнус. – Хуҷанд: Хуросон, 2015. – 228 с.