Зикр гардидааст, ки дар таълифи “Мунтахаб-ут-таворих” Муҳаммад Ҳакимхон ба ғайр аз бештар си сарчашма, ки номи муаллифони онҳо дар асар сабт шудааст, як қатор номаҳои шоҳону мансабдорони нимаи аввали қарни ХIХ-ро, ки дар ихтиёри худ доштааст, истифода бурдааст. Номаи амири Афғонистон Дӯстмуҳаммадхон ба котиби генерал-губернатори Ҳиндустон В.Макнотен, номаи шоҳзодаи хӯқандӣ султон Маҳмудхон ба амир Насруллоҳ, номаи амир Насруллоҳ ба хони Қӯқанд Муҳаммадалихон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таъкид шудааст, ки номаҳои мазкур барои равшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои воқеаҳои таърихӣ нисбат ба таърихномаҳои расмӣ маълумоти бештар медиҳанд. Хулоса шудааст, ки ба ҳайси сарчашма истифода шудани номаҳо арзиши таърихӣ ва илмии асарро афзун гардонидааст.
“Мунтахаб-ут-таворих”, Муҳаммад Ҳакимхон, номаҳо, А. Мухторов, хонигарии Қӯқанд, амир Насруллоҳ, Дӯстмуҳаммадхон
1. Гузидае аз “Мунтахаб -ут-таворих” (Таърихи салотини Манғитияи Бухоро). Баргардонанда аз ҳуруфи арабиасоси тоҷики ба кириллӣ, ба чоп ҳозиркунандаи матн, муаллифи муқаддима, луғат, феҳрист М. Маннонова. Хуҷанд: Ношир, 2024.- 238 с.
2. Зоиров Ҳ.З. Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва ҷойгоҳи «номаҳо»-и ӯ дар насри форсу тоҷики асри XII (таҳқиқи вижагиҳои адабиву услубӣ, матншиносӣ ва нусхашиносӣ)// Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ.- Хуҷанд, 2024.- 382 с.
3. Исоқхон Жунайдуллохожа ӯғли Ибрат. Фарғона тарихи // Мерос. -Тошкент, 1991.- 338 б.
4. История Афганистана. С древнейших времен до наших дней. - Москва, 1982. – 368 с.
5. Мухаммад Хакимхан. Мунтахаб ат-таварих/ Подгот. факсим. текста, введ. и указ. А. Мухтарова. В двух книгах. Книга 1. – Душанбе: Дониш, 1983. – 368 с.
6. Муҳаммадҳакимхон Тӯра. Мунтахаб ат- таворих/ Форс-тожик тилидан таржима, муқаддима, изоҳлар муаллифи Ш. Воҳидов. – Тошкент: Янги аср авлоди, 2010. – 716 с.
7. Раҳмонов А. Номаҳо//Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор.Дар ҳашт ҷилд. Ҷилди 8.-Душанбе:Адиб, 1990.-С.299-306.
8. Хотираҳои Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи сафари Русия. Баргардонанда аз ҳуруфи арабисоси тоҷикӣ ба кириллӣ, ба чоп ҳозиркунандаи матн, муаллифи муқаддима, тавзеҳот, луғатнома, феҳрист ва замима Ҷамолиддин Абдукаримов. -Хуҷанд: Ношир, 2013.- 104 с.
9. Хуршут Э. Ҳакимхоннинг ҳаёти ва саёҳатлари. - Тошкент: Фан, 1987. – 48 с.