0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ҲАЗИНИ ЛОҲИҶӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР “ДЕВОН”-И Ӯ

Муаллиф (он)

Абдуллоев Р.Х.

Чакидаи мақола

Дар адабиёти форсизабони Ҳинд нақди адабӣ, хусусан ҷавобнависӣ ба осори интиқодӣ ё ба ном нақди нақд ривоҷи хоса дошт. Рисолаҳои интиқодии Ғолиби Деҳлавӣ ва шогирдони ӯ ба “Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон ва ҷавобҳои ҷонибдорони муаллифи фарҳанги машҳур намунаи беҳтарини чунин радду бадалҳои интиқодӣ мебошанд. Дар интиқоди ашъори яке аз суханварони маъруфи шибҳи қораи Ҳинд Ҳазини Лоҳиҷӣ дар замони зиндагонияш аз ҷониби Сироҷиддин Алихони Орзу, Фатҳалии Гардезӣ, Саҳбои Деҳлавӣ рисолаҳо таълиф гардидаанд. Адиб ва фарҳангнигори маъруф Вораста Мал Сиёлкутӣ ба ҷонибдории Лоҳиҷӣ ду рисола таълиф кардааст. Худи Ҳазин низ ҷо-ҷо дар девонаш дар байтҳою шеърҳои алоҳида ба интиқоди ашъораш ҷавобҳо гуфтааст. Зикр гардидааст, ки яке аз сабабҳои интиқоди ашъори Ҳазин ҳаҷвиёти ракики суханвар мебошад. Махсусан таъкид гардидааст, ки Ҳазини Лоҳиҷӣ дар бисёр ҷойҳои девонаш гурӯҳи нотавонбинону ҳарифон ва ҳасудонро мавриди мазаммату сарзаниш қарор додааст. Шоир бисёр масъалаҳоеро, ки мунаққидон мавриди танқид қарор дода буданд, шарҳу тавзеҳ дода ба чунин шеърҳо унвонҳои “Хитоб ба яке аз сахифон ва фурӯмоягон”, “Дар васфи худ ва интиқод ба беҳунарон”, “Дар замми баъзе асҳоби ғурур”-ро додааст.

Калидвожаҳо

адабиёти форсизабони Ҳинд, нақди адабӣ, нақди нақд, Ҳазини Лоҳиҷӣ, Сироҷиддин Алихони Орзу, Вораста Мал Сиёлкутӣ

Пайнавишт

1.    Деҳлавӣ, Саҳбоӣ. Қавли файсал// Таҳияи Шафеӣ Кадканӣ дар китоби “Шоире дар ҳуҷуми мунтақидон:Нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ перомуни шеъри Ҳазини Лоҳиҷӣ”.–Теҳрон: Огаҳ, 1375. – 512с.

2.    Доғистонӣ, Вола. Риёз-уш-шуаро. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди якум. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Муҳсин Ноҷии Насрободӣ. Баргардонандаи матн ба хатти кириллии тоҷикӣ, муаллифи пешгуфтор ва шарҳи луғоту тавзеҳот доктори илмҳои филологӣ Мисбоҳиддини Нарзиқул. – Душанбе: Офсет, 2018. – 728 с.

3.    Кадканӣ, Шафеӣ. Шоире дар ҳуҷуми мунтақидон:Нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ перомуни шеъри Ҳазини Лоҳиҷӣ.–Теҳрон: Огаҳ, 1375. – С.238-362

4.    Лоҳиҷӣ, Ҳазин.Девон. Тасҳеҳи Забеуллоҳи Соҳибкор.–Теҳрон: Нашри соя, 1378.–832 с.

5.    Насрободӣ, Муҳсин Ноҷӣ. Муқаддимаи мусаҳҳеҳ//. Риёз-уш-шуаро. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди якум. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Муҳсин Ноҷии Насрободӣ. Баргардонандаи матн ба хатти кириллии тоҷикӣ, муаллифи пешгуфтор ва шарҳи луғоту тавзеҳот доктори илмҳои филологӣ Мисбоҳиддини Нарзиқул. – Душанбе: “Офсет”, 2018. – 728 с.

6.    Орзу, Сироҷиддин Алихон. Танбеҳ-ул-ғофилин. Бо муқаддима, тасҳеҳ ва таҳшияи Муҳаммад Акрам.–Лоҳур: Донишгоҳи Панҷоб, 1401.– 210с.

7.    Футӯҳӣ, Маҳмуд.Нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ. Чопи аввал.–Теҳрон:Сухан,1385.– 440с.

Таърихи нашр

Среда, 11 Июнь 2025