0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ОИД БА ҶАШНИ ТИРГОН

Муаллиф (он)

Бобоев Ю.А.

Чакидаи мақола

Маълумоти Абурайҳон Берунӣ роҷеъ ба яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои ниёгони тоҷикон Тиргон, ки дар Тирмоҳ ҷашн гирифта мешуд, баррасӣ шудааст.Маънои номи ҷашн, сабабҳои пайдоиш, замон ва муҳлати баргузории он ошкор карда шудааст. Дар асоси ахбори Берунӣ сабабҳои пайдоиши расми «обрезагон» ва ё «обпошон» ва дигар расму оинҳои марбут бо ҷашни Тиргон муайян карда шудаанд. Қайд гардидааст, ки тамоми маълумотиБерунӣ дар бораи Тиргон пеш аз ҳама дар ривояти маъруфе, ки оид ба ҷанги Манучеҳру Афросиёб, сулҳи байни онҳо ва ба василаи Ораши камонгир муайян намудани сарҳади байни кишварҳои онҳо нақл мекунад, ҷой дорад. Инчунин маълумоти Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Тиргон ба туфайли иттифоқи «даҳуфазия» (фармонравоӣ), «деҳканат» (кишоварзӣ) ва «китобат» таҳлил карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки биноба гуфти Берунӣ ситораи Тир (авест. Тиштр) сарпарасти котибон низ будааст.  Қайд шудааст, ки маълумоти Берунӣ дар бораи Тиргон хеле гуногун буда, дар баъзе ҳолатҳо аз маълумоти шабеҳи дигар муаллифони асримиёнагӣ фарқ мекунад. Зикр гардидааст, ки маълумот оид ба Тиргонтанҳо дар се асари Берунӣ «Осор - ул-боқия», «Қонуни Масъудӣ» ва «Китоб-ут-тафҳим» мавҷуданд. Маълумоти мазкур қиёсан ба риштаи таҳлил кашида,  аҳаммияту нодириашон собит карда шудааст.

Калидвожаҳо

Абурайҳон Берунӣ, ҷашни Тиргон, Тирмоҳ, Тиштр, Ораши камонгир, обрезагон, даҳуфазия

Пайнавишт

1.    Авесто. Куҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ / Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. – Душанбе, 2001. – 792 с.

2.    Авеста / В.С. Соколова Опыт морфологической транскрипции и перевод. – Санкт-Петербург: Наука, 2005. – 544 с.

3.    Балъамӣ, Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ / Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ.– Душанбе: Ирфон, 1991.– Ҷ.1. – 817 с.

4.    Беруни, Абу Райхан. Канон Масъуда / Абу Райхан Беруни / Избр. произведения. – Ташкент: Фан, 1973. – Т.V. – Ч.1. – 648 с.

5.    Берунӣ, Абурайҳон. Китоб–ут–тафҳим ли–авоили саноат–ит–танҷим / Абурайҳон Берунӣ. – Душанбе: Дониш, 1973. – 285 с.

6.    Берунӣ, Абурайҳон. Осор–ул–боқия / Абурайҳон Берунӣ. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.

7.    Бируни, Абу Райхан. Памятники минувших поколений / Абу Райхан Бируни / Избранные произведения. – Ташкент: Изд. АН УзССР, 1957. – Т. I. – 485 с.

8.         Гардизӣ, Абусаъид Абдулҳай бинии Заҳҳок ибни Маҳмуд. Торихи Гардизӣ. Зайн-ул-ахбор / Абусаъид Абдулҳай бинии Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардизӣ. – Теҳрон: 1363: Дунёи Китоб. – 733 с.

9.    Ильина, Т. Джашн-э Тирган – иранский праздник середины лета: [Элекронный ресурс] / Т.Ильина. – https://iranmag.ru/dzhashn-e-tirgan-iranskiy-prazdnik-serediny-leta/ (дата обращения: 27.05.2025).

10.Собунчӣ, Алӣ. Обрезагон, оббозӣ ва ёдномаи Ораши камонгир: [Элекронный ресурс] / Алӣ Собунчӣ. – Режим доступа: https:// www.marcopolo.ir/%D8%A2%D8%A8%D8%B1%DB%8C%D8%B2%

11.Ҳикматшиор, Фотима. Ҷашни Тиргон, посдошти ободӣ ва озодӣ: [Элекронный ресурс] / Фотима Ҳикматшиор. – Режим доступа: https://www.kojaro.com/history-art-culture/195804-tirgan-festival/ #737495 d2-b4cf-416d-8592-09096a33d1a7 (дата обращения – 11.05.2025).

12.Ҳуюн, Ондроник. Ҷашни тиргон ё обпошон ё обрезагон / Ондроник Ҳуюн / Фарҳанги омма ва мардумшиносии Ирон. – С. 640-657.

 

Таърихи нашр

Среда, 11 Июнь 2025