Вижагиҳои истифодаи санъати бадеии талмеҳ дар эҷодиёти шоири маъруфи нимаи дувуми садаи Х – аввали асри ХI Кисоии Марвазӣ баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки дар эҷодиёти шоир санъати талмеҳ аз ҷиҳати чандомади корбаст баъди санъати ташбеҳ ҷойи дувумро ишғол мекунад. Намунаҳои санъати талмеҳи дар эҷодиёти Кисоӣ корбастшударо ба тариқи зайл тасниф кардан мумкин аст: а) талмеҳоти мазҳабӣ, ки ба вақоеи зиндагии Алӣ ибни Абутолиб ва муҳорибаи Карбало (12 октябри соли 680) ишора мекунанд; б) талмеҳ ба асомии қаҳрамонони достонҳои ишқии асарҳои адабиёти араб, аз ҷумла Лайлӣ, Юсуф ва Зулайхо, Саъд ва Асмо, Урва ва Афро; в) талмеҳоте, ки ба вақоеъ ва қаҳрамонони қабл аз исломи Эрон ишора мекунанд. Дар иртибот бо он нукта, ки шоир пайрав ва мубаллиғи фаъоли мазҳаби шиа буд, қисми асосии талмеҳоти эҷодиёти ӯро талмеҳоти мазҳабӣ ташкил мекунанд. Таъкид шудааст, ки аксаран шоир санъати талмеҳро бо санъатҳои ташбеҳ, муболиға, саҷъ ва ташхис корбаст кардааст.
эҷодиёти Кисоии Марвазӣ, санъатҳои бадеӣ, талмеҳ, ташбеҳ, муболиға, саҷъ ва ташхис
1. Шамисо, Сирус. Фарҳанги талмеҳот. –Теҳрон: Интишороти Маҷид,1371. – 652 с.
2. Зеҳнӣ, Тӯрақул. Санъати сухан. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 302 с.
3. Шамс Қайси Розӣ. ал-Муъҷам. Муаллифи сарсухану тавзеҳот ва ҳозиркунандаи чоп Урбатулло Тоиров. – Душанбе: Адиб, 1991. – 464 с.
4. Ашъори ҳакимон ва орифон. Таҳиягарон Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. – Душанбе: Адиб, 2016. – С.39-79.
5. Шонӣ, Алии Раззоқӣ. Кисоии Марвазӣ. –Теҳрон: Интишороти Тиргон, 1380. – 80 с.
6. Ҳаким, Сайидмуҳаммад Ҳусайн. Қасидаи навёфтаи Кисоӣ.// Номаи Фарҳангистон, 4/10.
7. Риёҳӣ, Муҳаммад Амин. Кисоии Марвазӣ. Зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ. – Теҳрон, чопи ҳафтум, 1375. - 158 с.
8. Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибн Муҳаммад. Таърихи Табарӣ.Ҷ.2. – Теҳрон, 1380. – 1632 с.
9. Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ. Ҷилди 5. –Теҳрон: Амири кабир, 1375. – 1229 с.
10.Тарҷумаи Тафсири Табарӣ. Китоби 1. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. – 884 с.
11.Мардонӣ, Тоҷиддин. Рӯдакӣ ва адабиёти араб. -Душанбе, 2010. – 128 с.
12.Мулоҳизаҳо роҷеъ ба бадеиёти нахустин қасидаи мазҳабӣ // Номаи Донишгоҳ. – 2014. - №3 (40). – С. 36-49.