Баъзе вижагиҳои номаҳои устод Айнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Зикр шудааст, ки то ҳол бештар ҷанбаҳои адабиётшиносии ҳунари номанигории устод Айнӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд, вале хусусиятҳои лингвистии номаҳои устод Айнӣ аз мадди назари олимон дур мондаанд. Дар асоси таҳлили номаҳои устод хулоса шудааст, ки дар номаҳои Айнӣ воҳидҳо ё воситаҳои забонӣ, ба ғайр аз вазифаи коммуникативӣ, инчунин вазифаи эстетикиро низ ифода кардаанд. Ҳунари номанигории устод Айнӣ дар асоси вижагиҳои забонӣ ба ду давра ҷудо карда шудааст: номаҳое, ки устод Айнӣ дар «Таҳзиб-ус-сибён» овардааст; номаҳое, ки устод ба адибон, шогирдон, ёру дӯстон ва фарзандон навиштааст. Аз ҷиҳати истифодаи воҳидҳои забонӣ матни номаҳои давраи якум аз номаҳои давраи дуюм тафовут дорад. Аз ҷумла дар номаҳои давраи якум калимаҳои иқтибосии арабӣ бештар дида мешавад. Дар номаҳои давраи дуюм бошад, дар баробари калимаҳои иқтибосии арабӣ бештар вомвожаҳои иқтибосии русию байналмилалӣ бештар ба назар мерасад.
Садриддин Айнӣ, номанигорӣ, сабки номаҳо воҳиди забон, “Таҳзиб-ус-сибён” вазифаи эстетикии номаҳо, вомвожаҳо
1. Айнӣ, С. Мактубҳо [Матн] /С. Айнӣ. – Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2023. – 664 с.
2. Айнӣ, С. Таҳзиб-ус-сибён [Матн]: Муаллифи сарсухан ва ба чоп ҳозиркунанда: Соҳиб Табаров / С. Айнӣ. – Душанбе: Маориф, 1994. – 53 с.
3. Аслонова, Н. Андешаҳои адабӣ–эстетикии Садриддин Айнӣ [Матн] / Н. Аслонова. – Душанбе: Шуҷоиён, 2011. – 352 с.
4. Брагинский, И. Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ [Матн] / И. Брагинский. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 196 с.
5. Деҳотӣ, А. Як мактуби пурқимат [Матн] / А. Деҳотӣ // Садои Шарқ. – №4. –1958. – С. 49-57.
6. Маликзод, А. Номанигории устод Айнӣ [Матн] / А. Маликзод // Садои Шарқ. – № 8. – 2021. – С. 140-148.
7. Маҳмадаминов, А. Садриддини Айнӣ – олим [Матн] / А. Маҳмадаминов. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 64 с.
8. Мавлонзода, Ш. Вижагиҳои услубии ҳусни оғоз ва анҷоми номаҳои устод Айнӣ [Матн] / Ш. Мавлонзода//Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши филология. – №8. – 2020. – С.36-39.
9. Муллоқандов, Э. Мулоҳизае чанд дар бораи сифатҳои адабӣ ва инсонии Айнӣ [Матн] / Э. Муллоқандов// Шарқи сурх. – № 4. – 1965. – С. 141-152.
10.Нарзиқул, М. Нома ва номанигорӣ. [Матн] / М. Нарзиқул. – Душанбе: Сино, 2013. – 278 с.
11.Радий Фиш, Раҳим Ҳошим. – Бо амри виҷдон [Матн] / Ф. Радий, Ҳ. Раҳим. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 288 с.
12.Радий Фиш, Раҳим Ҳошим. Садриддин Айнӣ [Матн] / Ф. Радий, Ҳ. Раҳим. – Душанбе, 2018. – 336 с.