Мавқеи аугмент дар мобайни пешванди на- ва решаҳои феълии забони яғнобӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ишора гардидааст, ки унсури ёвари на- дар аксарият забонҳои ҳиндуаврупоӣ мавҷуд буда,вазифаҳоиҳиссачаи инкорӣ, ҳиссаҳои номӣ ва феълиро иҷро мекунад. Дар забони яғнобӣ бошад он ягона пешвандест, ки ба феъл ҳамроҳ шуда, шакли инкорӣ (манфӣ) месозад ва иҷро нагардидани амалу ҳолатро фаҳмонида, дорои гунаҳои не- ва ни- мебошад. Пешванди на- ҳамчун пешванди шаклсози феълӣ ба чанд гуна он дар гӯишҳо мушоҳида мегардад. Чунончи, худи пешванди на- бештар дар гӯиши шарқӣ ва гунаҳои ни- ва не- дар гӯиши ғарбӣ истифода мешаванд. Агар аугмент баъди пешванди на- ояд, он гоҳ андак дароз талаффуз карда мешавад: наáҷах (нахест). Гунаҳои не- ва ни- дар гӯиши ғарбӣ истеъмол шуда, онҳо дар аввали шаклҳои замони гузаштаи феъл омада, мавқеи аугментро то дараҷаи хориҷгардӣ танг мекунанд: нежой (нахонд), нишав (нарафт).
пешванди на-, аугмент, забони яғнобӣ, гӯишҳои яғнобӣ, феълҳои сохта, шаклҳои замони гузаштаи феъл, унсурҳои грамматикӣ
1. Абаев В.И. Историко-этимологический словарь осетинского языка [Текст] /В.И. Абаев. Т.2. - Ленинград, 1973.- 448 с.
2. Андреев М. С., Пещерева Е. М. Ягнобские тексты [Текст] / М. С.Андреев, ПещереваЕ. М. [С приложением ягнобско-русского словаря, составленного М.С. Андреевым, В.А. Ливщицем и А.К. Писарчик]. – Москва; Ленинград, 1957. – 392 с.
3. Билмайер Р. Забони яғнобӣ/ Р. Билмайер [Матн] //Роҳнамои забонҳои эронӣ (забонҳои эронии нав). Ҷилди 2. [тарҷумаи Бахтиёрӣ О., Баҳромӣ А., Боғбедӣ Ҳ., Н. Солеҳниё]. -Теҳрон: Қақнус, 1383. - С. 779-790.
4. Боголюбов М.Н. Ягнобский язык [Текст] / М.Н. Боголюбов // Языки народов СССР. Индоевропейские языки. -Москва: Наука, 1966. – С. 342-361.
5. Исхаков М.М. Глагол в согдийском языке (документы с горы Муг) [Текст] / М.М. Исхаков. - Ташкент: Фан, 1977. – 240 с.
6. Қариб Б. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ) [Матн] / Б. Қариб. – Теҳрон, 1995. – 567 с.
7. Мирзозода С. Дастури забони яғнобӣ (бо равиши корбурдӣ) [Матн] /С. Мирзозода, Б. Алавӣ. –Душанбе: Деваштич, 2008. – 254 с.
8. Мирзоев С. Мулоҳизаҳо дар бораи пажуҳишҳои донишмандони олмонӣ (дар асоси маводи забони яғнобӣ) [Матн] / Мирзоев С. // Суханшиносӣ. 2018. – №2. - С. 12-25.
9. Расторгуева В.С. Этимологический словарь иранских языков [Текст] / В.С. Расторгуева, Д.И. Эдельман. Том 1. – Москва: Восточная литература, 2000. – 327 с.
10.Семерень О. Введение в сравнительноеязыкознание [Текст] /О.Семерень[Перевод с немецкого Б.А. Абрамова]. – Москва: Прогресс, 1980. – 406 с.
11.Тураев Б.Б. Микротопонимияи водии Яғноб /Б.Б. Тураев [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 2019. – 272 с.
12.Хромов А.Л. Ягнобский язык [Текст] / А.Л. Хромов. –Москва: Наука, 1972. – 210 с.
13.Хромов А. Л. Ягнобский язык [Текст] /А.Л. Хромов // Основы иранского языкознания. Новоиранские языки.– Москва, 1987. – С. 464-701.
14.Ҳасанов А. Маводи таълимӣ-методӣ аз фанни таърихи забони тоҷикӣ (аҳди бостон ва миёна) [Матн] / А. Ҳасанов. – Хуҷанд, 2018. – 96 с.