Шарҳи ташаккул, моҳият ва вазифаҳои мафҳуми “типология” дар низоми забоншиносии муқоисавӣ пешниҳод гардида,робитаи мутақобилаи шакл ва мазмун дар асоси қонуниятҳои кӯчидани маънои калима дар низоми истилоҳоти забоншиносӣ нишон дода шудааст. Масоили калидии типологияи лингвистӣ ва хелҳои он (изоморфӣ ва алломорфӣ) бо назардошти консепсияҳои забоншиносони маъруф мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Дар бораи ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ роҷеъ ба масоили типологияи забонҳо дар солҳои 60-уми асри ХХ дар марказҳои калони забоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе мамолики хориҷӣ маълумот дода шудааст. Хулосаҳои илмии муаллифон оид ба ҳалли масоили типологияи лингвистӣ дар ҳафт банд ва ҷадвали “Таснифоти робитаи забонӣ”инъикос ёфта, ба робитаҳои умумӣ (мансуб ба гурӯҳҳои гносеологӣ ва сохторӣ) ва робитаҳои типологӣ (мансуб ба гурӯҳҳои соҳавӣ ва мавзӯӣ) ҷудо карда шудааст.
истилоҳоти забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ, сохтори забон, объекти таҳқиқи типологӣ, таснифи типологии забонҳо
1. Аракин, В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков / В.Д. Аракин. – Ленинград: Просвещение, 1979. – 259 с.
2. Воҳидова, Н.А. Хусусиятҳои фарҳангҳои фразеологӣ дар забонҳои гуногунсохт (дар мисоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ): автореф. дисс. ... номз.илмҳои филол./ Н.А. Воҳидова. – Хуҷанд, 2022. – 28 с.
3. Раевский, М.В. К вопросу о типологии константных систем современных германских языков / М.В. Раевский. – Москва, 1966. – С. 277-290.
4. Мещанинов, И.И. Типологические сопоставления и типология систем. / И.И. Мещанинов // Науч. докл. высш. школы. Филол. науки. – 1958. - №3. – С. 3-13.
5. Охтина Н.В. К типологической характеристике языка суахили / Н.В. Охтина // Лингвистическая типология и восточные языки. – Москва, 1965. – С.148-156.
6. Розенталь, Д.Э., Теленкова, М.А. Словарь-справочник лингвистических терминов/ Д.Э. Розенталь, М.А. Теленкова. – Москва: Просвещение, 1985. –399 с.