0.0/5 овоз (0 овозҳо)

РАВАНДИ БОЗСОЗИҲОИ КИТОБХОНАҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (1991 – 2011)

Муаллиф (он)

Умарова М. С.

Чакидаи мақола

Дар бораи рафти дигаргунсозӣ дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилиҳо ва заъфпазирии иҷтимоии китобдорон ва хонандагони эҳтимолӣ, омодасозии кадрҳои китобшинос, нигоҳдорӣ ва афзоиш додани махзанҳои китоб маълумоти муфассал оварда шудааст. Ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба манбаъҳои навтарини донишу иттилоот диққати махсус дода шудааст. Тағйирёбии китобхонаҳои куҳна ва таъсиси китобхонаҳои нав, фароҳам овардани шароитҳои одитарин барои низом дар давраи мавриди таҳлил, ки қисми таркибии фаъолияти муассисаҳои маърифатии фарҳангии мамлакат ба ҳисоб мерафт, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таҷдиди китобхонаҳои вилояти Суғд дар солҳои 1991-2011 на танҳо дар дигаргунсозии намуди зоҳирӣ ва дохилии онҳо, масоҳати фоидаовар, тазйини эстетикии онҳо, балки омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки бо тарзи нав кор карда, робитаи мутақобилаи байни китобхонаҳои шаҳрию деҳотро таъмин карда метавонанд, низ таҷассум меёбад. Оид ба таъмини нигоҳдории махзанҳои китобхонаҳо чун қисми мероси фарҳангии миллӣ ва яке аз аркони ҳофизии таърихӣ тавсияҳо пешниҳод гардидааст.

Калидвожаҳо

китобхонаҳои вилояти Суғд, муассисаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, махзани китоб, илм, фарҳанг, маърифат, китобхонаҳои ноҳия ва деҳот, шакл ва усули кор, тарбияи маънавӣ, арзишҳои ахлоқӣ

Пайнавишт

1.    Гаффоров Б.В. История культурно-просветительных учреждений Республики Таджикистан (1991-2011 гг.): дисс. … канд. ист. наук / Б.В. Гаффоров. - Душанбе, 2014. – 187с.

2.    Даҳ соли фаъолияти китобхонаҳо /Мураттиб Қаландаров А., методисти шуъбаи илмӣ-методии китобхонаи вилоятииоммавии ба номи. Т. Асирӣ / Муҳаррир Б. Мирсаидов. - 18с.

3.    Статистический ежегодник Согдийской области. – Худжанд: Главное управление Агентства по статистике по Согдийской обл., 2000. – 201с.

4.    Рыночная экономика и деятельность культурно-просветительных учреждений // Итоги регионального семинара работников культурно-просветительных учреждений. – Душанбе, 1992. – 125с.

5.    Статистический ежегодник Согдийской области за 2005 год (официальное издание). - Худжанд, 2006. – 215с.

6.    Текущий архив областной публичной библиотеки им. Т. Асири. Материалы отдела комплектования и обработки книжного фонда за 1991 – 2008 гг. (Журналы учёта по распределению поступающей литературы).

7.    Текущий архив областной публичной библиотеки им. Т. Асири. Анализ основных показателей ЦБС Согдийской обл. за 2002 –2011 гг. (Годовые отчёты за10 лет).

8.         Таджикистан: 20 лет государственной независимости: статистический сборник. - Душанбе: Шарки озод, 2011. – 350с.

Таърихи нашр

Суббота, 30 Сентябрь 2023