0.0/5 овоз (0 овозҳо)

САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТИ ШӮРАВӢ ДАР СОЛҲОИ 1970-1980

Муаллиф (он)

Шахбанов А.М.

Чакидаи мақола

Самтҳои асосии амалисозии сиёсати иҷтимоии давлати Шӯравӣ дар солҳои 1970-1980 баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки дар солҳои мазкур самтҳои усулан нави сиёсати иҷтимоии давлат роҳандозӣ мегардид. Дар давраи таърихии нисбатан кӯтоҳ оид ба ташаккули унсурҳои нави низоми иҷтимоӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Дар заминаи усулан нав сиёсати ҳифзи иҷтимоии категорияҳои гуногуни аҳолӣ, ки дар вазъияти мушкили зиндагӣ қарор доранд, таҳия шудааст. Таҷриба  ва  малакаи андӯхта шарҳи илмӣ, арзёбӣ, таҳияи тавсияҳоро оид ба такмили минбаъдаи сиёсати иҷтимоии давлат ва дигар институтҳои ҷамъият талаб менамояд. Мавҷудияти маҷмуи томи масъалаҳои ҳалнашудаи соҳаи дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мубрамияти масоили баррасишавандаро собит месозад. Бори аввал дар асоси таҳлили шакл ва усулҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои роҳандозии сиёсати иҷтимоии давлат ки барои таърихи навтарин хос аст мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Калидвожаҳо

сиёсати иҷтимоӣ, давлати Шӯравӣ, солҳои 1970-1980, унсурҳои низоми иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоӣ 

Пайнавишт

1.    Баранов А. В. Социально-демографическое развитие города /А.В. Баранов. – Москва, 1981. – 214 с.

2.    Данилов А.Н., Ильясов Ш.З. Итоги и перспективы / А.Н. Данилов, Ш.З.  Ильясов. – Махачкала, 1976. – 114 с.

3.    Материалы XXV съезда КПСС. – Москва, 1976. – 255 с.

4.    Материалы XXIV съезда КПСС.  – Москва, 1978. – 417 с.

5.    Социальная политика СССР. – Москва, 1988. – 431 с.

6.    Социальная политика государства. – Москва, 1985. – 386 с.

Таърихи нашр

Четверг, 16 Ноябрь 2023