Нақшипешвандҳоифеълсозизабонҳоитоҷикӣваанглисӣбаррасӣшудааст. Дар заминаи маводи луғатномаҳои П. Ҷамшедов ва Т. Розӣ, инчунин А. Мамадназаров хусусиятҳои ташаккули феълҳои сохтаи забонҳои тоҷикию англисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар мисоли пешванди тоҷикии боз- ва англисии re- мавридҳои васлгардии ҳар ду унсури калимасозро ба калимаҳо нишон додааст, доираи маъноии чунин феълҳои сохта ошкор карда шудааст. Ҳисоби омории теъдоди феълҳои якмаъно ва сермаънои дар фарҳангҳои П. Ҷамшедов ва Т. Розӣ, инчунин А.Мамадназаров зикр гардида, таъкид шудааст, ки феълҳои сохта дар забонҳои тоҷикию англисӣ аз як то нӯҳ маъноро ифода мекунанд. Хулоса шудааст, ки имкони васлгардии чунин пешвандҳо дар забони англисӣ дар қиёс бо тоҷикӣ фарохтар буда, онҳо на танҳо ба феълҳо, балки ба исмҳо низ ҳамроҳ мешаванд ва калимаҳои нави ифодакунандаи амалу ҳолат сохтаанд.
забони тоҷикӣ, забони англисӣ, фарҳангномаҳо, пешвандҳо, калимасозӣ, феъл, исм, доираи маъноӣ калима, якмаъноӣ феъл, сермаъноӣ феъл, ҳисоби оморӣ
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1. Фонетика ва морфология \ Муҳаррири масъул Ш. Рустамов, Ғ. Ҷӯраев. –Душанбе: Дониш, 1985. -355 с.
2. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Лексикология, фонетика, морфология. Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ. –Душанбе: Маориф, 1982.- 462 с.
3. Иомдин Б.Л. Многозначные слова в контексте и вне контекста // Вопросы языкознания. -Москва: Наука, 2014. - № 4. –С. 87-103.
4. Каращук П.М. Словообразование английского языка. –Москва: Высшая школа, 1977.- 302 с.
5. Касеми М. Глагольная лексика в памятниках раннего периода новоперсидского (таджикского) языка: автореф. дисс. канд. филол. наук. -Душанбе, 2000. -25 с.
6. Мамадназаров А. Фарҳанги англисӣ – тоҷикӣ. Нашри такмилшудаи сеюм. –Душанбе: Эр-граф, 2011.- 1015 с.
7. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1.Луғатшиносӣ. –Душанбе: Деваштич, 2007. -254 с.
8. Расторгуева В.С., Каримова А.А. Система таджикского глагола. - Москва: Наука, 1964. -288 с.
9. Расторгуева В. С., Молчанова Е. К. Среднеперсидский язык // Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -Москва: Наука, 1981. –С. 6-145.
10. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. - Душанбе, 2001. - 310 с.
11. Саиди Б.Ф. Глагольная лексика в «Таърих Бейхаки»: автореф. дисс. канд. филол. наук. -Душанбе, 2009. -23 с.
12. Сиёев Б. Очерк оид ба таърихи феъли забони адабии тоҷик.- Душанбе, 1968. -164 с.
13. Усмонов Р. А.Глагольная лексика в «Маснавии маънави» Джалолуддина Руми: автореф. дисс. канд. филол. наук. - Худжанд, 2003. -24 с.
14. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилдҳои 1-2. Душанбе, 2008.Ҷ.1-951с. Ҷ.2-949 с.
15. Ҷамшедов П., Розӣ Р. (Шарипов). Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ бо роҳнамои вожагони тоҷикӣ. Чопиаввал. –Душанбе: Пайванд, 2005. -681 с.