0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МУТОБИҚШАВӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ МАРДУМИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ДАР СОҲАИ ПАХТАКОРӢ (СОЛҲОИ 50-60-УМИ ҚАРНИ XX)

Муаллиф (он)

Холова Ф. Ф., Абдуллоев И. Р.

Чакидаи мақола

Бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон ба заминҳои дашти Дилварзин муҳоҷиршавии мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст. Қарори анҷумани ХХ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1956) “Дар соҳаи хоҷагии кишоварзӣ инкишоф додани соҳаи пахтакорӣ ва махсусан, навъи пахтаи маҳиннах” дар назди роҳбарони ҷумҳурӣ ба ин масъала ба таври ҷиддӣ назар карданро мегузорад. Масъалаҳои зерини амалӣ гардонидани тадбирҳои аграрӣ дар Мастчоҳи нав ба риштаи омӯзиш ва таҳлил кашида шудаанд: душвориҳои аз худ кардани заминҳои нав, мутобиқшавӣ ва навсозии ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи кишоварзӣ, афзудани даромаднокӣ ва омилҳои муҳими ҳавасмандкунии моддии деҳқонон. Яке аз хусусиятҳои хоси муҳоҷиркунии мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, дар он буд, ки ноҳияи бутун бо тамоми хоҷагӣ ва ҳатто номҳои ҷуғрофиашон ба заминҳои нав кӯчонида шуданд. Колхозҳои навтаъсисёфтаро бо ҳамон тартибе, ки дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир буданд, дар ноҳияи нав низ бо деҳаҳояш ҷо ба ҷо намуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар натиҷаи ба дашти Дилварзин муҳоҷир кардани деҳқонони меҳнаткаши Кӯҳистони Мастчоҳ дар муддати начандон тӯлонӣ заминҳои зиёди бекорхобида азхуд карда шуда, дар ҳаёти иқтисодӣ ва маданӣ-маишии онҳо дигаргуниҳои чашмрас ба вуқӯъ пайвастанд. Ба душвориҳои маҳалли ҷуғрофӣ ва маданиву маишӣ нигоҳ накарда, онҳо баҳри минбаъд ривоҷу равнақи соҳаи кишоварзӣ ва пеш аз ҳама, соҳаи дар он вақт сердаромади пахтакорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Калидвожаҳо

заминҳои бекорхобида, муҳоҷиргардонӣ, ноҳияи Мастчоҳ, пахтакорӣ, дашти Дилварзин, ташкилотҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, фаъолияти меҳнатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, корҳои ирригатсионӣ ва мелиоративӣ

Пайнавишт

1.    Абулҳаев Р. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (1917-2000). – Душанбе, 2016. – 492с.

2.    Абдулов К. Дар ин дунё.Ҷ. 12. – Душанбе: Адиб. – 2006. – 1207с.

3.    Қурбонов О. Самараи меҳнати шуҷоатмандона. //Тоҷикистони Советӣ, 30 октябри соли 1957,№258 (8533).

4.    БҲ ПТС ҲК Ҷумҳурии Тоҷикистон. ф.3, р.143, д.10, в.118.

5.    Давлатов М. Номе, ки баланд буду баланд монд. Душанбе, 2014. –353с.

6.    БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон. ф.р-1566, р.1, д.206, в.313

7.    Об итогах выполнения пятилетнего развития СССР и Союзных республик на 1951-1955 гг.М.,Госполитиздат, 1956. – 311с.

8.    Народное хозяйство Таджикской ССР //Статистическийсборник,1957. – 387с.

9.    //Байрақи Ленинӣ, 5 марти соли 1958.

10.БҲ ПТС ҲК Ҷумҳурии Тоҷикистон. ф.5741, р.6, д.74, в.195.

11.Қурбонов А. Комёбиҳои меҳнаткашони Мастчоҳи нав. /Коммунисти Тоҷикистон, 1959, №11. – С.37-41.

12.Бойгонии шахсии собиқадори меҳнат Давлатбек Тутиев. Папкаи № 2.

13.Абдулов Ҳ. Пахтаи Дилварзин.  – Душанбе, Ирфон, 1983. – 40с.

14.Алиев Ш.Б.  Фидоиёни Ватан. – Хуҷанд, Ношир. – 2012. – 317с.

Таърихи нашр

Четверг, 16 Ноябрь 2023