РӯзгорваосориМуллоҚурбонхониФитратба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Қайд карда мешавад, ки Қурбонхони Фитрат аз шоирони номвари нимаи дувуми асри Х1Х буда, осори хубу мондагоре ба мерос мондааст. Девонаш мураттаб нашудааст, аммо дар тазкираву баёзҳо намунаҳои осораш зиёданд. Муаллиф роҳи эҷодии Фитратро ба ду давра ҷудо мекунад ва давраи аввалро чун давраи пайравӣ ба Бедил шарҳ медиҳад. Мисолҳое, ки аз ин давра оварда шудаанд, гароиш ба сабки ҳиндии шоирро исбот мекунанд. Ғазал бо радифи «оинаро», ки ҳамчунин дар пайравӣ ба ашъори Бедил гуфта шудааст, ҳунари ҷавобиянависии Фитратро тасдиқ менамояд. Давраи дувум давраи соданависӣ буда, дар осори ин давра матолиби урфия зиёд ба кор рафтааст. Хулоса шудааст, ки Қурбонхони Фитрат аз шоирони соҳибҳунари замон буда, ҳам дар сабки ҳиндӣ ва ҳам дар сабки халқӣ намунаи ҷолиби осор офаридааст.
Қурбонхони Фитрат, тазкира, баёз, ғазал, қасида, рубоӣ, ҷавобиянависӣ, назира, радиф, бедилгароӣ, соданависӣ
1. Абдӣ, Абдуллохоҷа. Тазкират-уш-шуаро / Бо тасҳеҳу муқаддимаи Асғари Ҷонфидо. – Душанбе, 1983. – 290 с.
2. Айнӣ, С. Куллиёт. Ёддоштҳо. Ҷ. 7. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962. – 906 с.
3. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик / Таҳия ва тасҳеҳи Мубашшир Акбарзод. – Душанбе: Адиб, 2010. – 448 с.
4. Возеҳ, Қорӣ Раҳматуллоҳ. Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб / Бо муқаддима, таҳия ва тавзеҳоти Ҷӯрабек Назрӣ. – Душанбе: Дониш, 2020. – 284 с.
5. Гулшани адаб. Намунаҳои назм. Ҷилди 5. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 464 с.
6. Муҳтарам, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ. Тазкират-уш-шуаро / Бо тасҳеҳу муқаддимаи Асғари Ҷонфидо. – Душанбе: Дониш, 1975. – 369 с.
7. Садри Зиё. Тазкори ашъор / Ба кӯшиши Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. – Теҳрон: Суруш, 1380. – 428 с.
8. Садри Зиё. Рӯзнома. Вақоеънигории таҳаввулоти сиёсӣ-иҷтимоии Бухорои шариф тайи нимаи поёнии амороти хоноти манғит бар асоси ёддоштҳои рӯзонаи Шарифҷон-махдуми Садри Зиё – охирин қозикалони Бухоро / Таҳқиқ ва пажӯҳиши Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. – Теҳрон, 1382. – 500 с.
9. Ҳодизода, Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри Х1Х. – Душанбе, 1968. – 295 с.
10.Ҷалилова, М. Фитрат // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. –Ҷ. 3. – Душанбе: Сарредаксияи илмии ЭСТ, 2004. – С. 288.
11.Шайх Абдулқодир Кароматуллоҳи Бухорӣ. Тазкираи Сибоқ / Таҳияи М. Отахонзода. – Тошканд: Фан, 2007. – 200 с.
12.Шоҳин, Шамсиддин. Куллиёт / Таҳия ва тавзеҳи М. Муҳаммадӣ. – Душанбе: Адиб, 2006. – 640 с.