Ҳарчанд таҳқиқоти бисёре доир ба маънову вазифаи пайвандакҳои шартӣ ва сохтори онҳо сурат гирифтааст, бо вуҷуди ин наметавон ин масъаларо ҳалшуда пиндошт. Аз ин рӯ, муаллиф баъзе нуктаҳои муҳимми марбут ба усулҳои истифодаву тобишҳои маъноии пайвандаки шартии пайвандаки «агар»-ро, ки аз назари муҳаққиқон дур мондаанд, дар осори садаҳои Х-ХIII ва давраи муосир ба риштаи таҳлил кашидааст.Таъкид шудааст, ки аз лиҳози сохтор ҷумлаҳои мураккаби тобеи шартии осори садаҳои Х-ХIII, ки бо пайвандаки шартии «агар» сохта шудаанд, аз забони адабии муосири тоҷикӣ фарқи ҷиддӣ надоранд. Аз таҳлилу муқобалаи шавоҳиди баррасишуда чунин бардошт мешавад, ки истифода ва тобишҳои маъноии пайвандаки «агар» дар ду давраи мавриди қиёс ҳамсон нест. Ин пайвандак дар осори қарнҳои Х-ХIII аз лиҳози вусъати корбурд ва тобишҳои маъноӣ густарда буда, дар даврони муосир маҳдуд шудааст.
муқоиса, пайвандакҳо, унсурҳои ёвари сервазифа, пайвандакҳои шартӣ, осори садаҳои Х-ХIII ва давраи муосир, забони адабии муосири тоҷикӣ, унсури «агар»
1. Абулқосимӣ М. Дастури таърихии забони форсӣ. Чопи шашум / М. Абулқосимӣ. – Теҳрон: Самт, 1387. – 420 с.
2. Айнӣ С. Марги судхӯр / С. Айнӣ. – Душанбе: Маориф, 2015. – 208 с.
3. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ / Таҳияи матн ва луғоту тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. – Душанбе: Адиб, 2007. – 480 с.
4. Байҳақӣ А. Таърихи Байҳақӣ / А. Байҳақӣ / Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 774 с.
5. Балъамӣ А. Таърихи Табарӣ / А. Балъамӣ. Бо муқаддима ва тавзеҳоти Н. Қаҳҳорова, М. Умаров ва дигарон. Ҷилди I. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 655 с.
6. Баҳманёр. Сармаддеҳ. Шоҳаншоҳ (маҷмуаи ҳикояҳо ва роман). – Душанбе: Адиб, 2013. – 472 с.
7. Бозидов Н. Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик / Н. Бозидов. – Душанбе: Маориф, 1985. – 104 с.
8. Гардезӣ А. Зайну-л-ахбор / А. Гардезӣ. Ба хатти кирилӣ баргардони Қодири Рустам. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 416 с.
9. Гулрухсор. Сакарот. Роман. Чопи аввал. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – 398 с.
10.Кайковус У. Қобуснома / Унсурулмаолӣ К. Бо эҳтимоми Ғуломҳусайн Юсуфӣ. – Теҳрон: Интишороти бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1345. – 329 с.
11.Қосимова М. Ҷумлаи пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик / М. Қосимова. – Сталинобод, 1961. – 88 с.
12.Рустамов Ш. Забон ва замон / Ш. Рустамов. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 256 с.
13.Рӯдакӣ А. Ашъор / А. Рӯдакӣ. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Адиб, 2007. – 416 с.
14.Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (дар як китоб ва ҳафт муҷаллад). Таҳия, тавзеҳот ва таълиқоти Н.Ю. Салимов, Н.Ш. Зоҳидов, Н.И. Ғиёсов, А.А. Ҳасанов, А. Самеев. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 822 с.
15.Таърихи Систон. Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттор. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 352 с.
16.Фаршедвард Х. Дастури таърихии забони форсӣ / Х. Фаршедвард. – Теҳрон: Заввор, 1387. – 375 с.
17.Фирдавсӣ А. Шоҳнома (Ахтарони адаб) /А.Фирдавсӣ. Ҷилдҳои 1 – 10. – Душанбе: Адиб, 2007 – 2010.
18.Фирӯз Б. Агар вай мард мебуд:Повестҳо / Б. Фирӯз. – Душанбе: Адиб, 1987. – 384 с.
19.Хонларӣ П. Н. Таърихи забони форсӣ / П.Н. Хонларӣ. – Ҷ.1. –Теҳрон, 1365. – 415 с.; Ҷ.3. – Теҳрон, 1365. – 494 с.
20.Шералӣ Л. Куллиёт / Л. Шералӣ. Ҷилди 1. – Душанбе: Адиб, 2008. – 560 с.