0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МАҲФИЛҲОИ АДАБӢ ВА НАҚДИ ШЕЪР

Муаллиф (он)

Аъзамов С.Б.

Чакидаи мақола

Нақши маҳфилҳо дар равнақи адабиёт ва ривоҷи афкори адабии тоҷикӣ баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ба вусъати шеър дар маҳфилҳои адабии охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ, хоса дар фаъолияти маҳфили адабии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё нақди адабии замон низ таъсиргузор будааст. Барои исботи андешаҳо аз манбаъҳои адабӣ намунаҳои табъозмоӣ, мушоира, ҷавобиянависӣ, тазминбандӣ ва мусобиқаи адабии шоирон омадаанд. Дар маҳфилҳои адабӣ чун “мактаби адабиёти давр” ба омӯзиши илми шеър диққат дода шуда ва яке аз ҳадафҳои онҳо ҷустани меъёрҳои бадеият аз шеъри классикон мебошад. Нақди шеър дар маҳфилҳо аз рӯйи завқу салиқа ва меъёри санҷишгарӣ сурат гирифта, ҳусну қубҳи шеър доварӣ шудаанд. Хулоса шудааст, ки баҳрамандӣ аз таърихи маҳфилҳо, оину русум ва таълимоти аъзои он ба ҳамзамонони мо муҳимму муфид мебошад.

Калидвожаҳо

маҳфилҳои адабии охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, маҳфили Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, табъозмоӣ, мушоира, мусобиқаи адабӣ, тазминбандӣ, ҷавобиянависӣ, “мактаби адабиёти давр”

Пайнавишт

1.    Айнӣ, С. Ёддоштҳо // Куллиёт: иборат аз понздаҳ ҷилд / С. Айнӣ; ба чоп тайёркунандагон К. Айнӣ, М. Шукуров. –Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962. – Ҷ. 7. – 647 с.

2.    Асозода, Х. Таърихи адабиёти навини тоҷик / Х. Асозода. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2014. – 672 c.

3.    Ғафурова, Ҷ. Омилҳои иҷтимоӣ ва офариниши гавҳари гуфтор дар доираҳои адабии Мовароуннаҳри нимаи дуввуми асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX file:///C:/Users/User/Downloads/omil-oi-i-timo-va-ofarinishi-gav-ari-guftor-dar-doira-oi-adabii-movarounna-ri-nimai-duvvumi-asri-xviii-va-nimai-avvali-asri-xix.pdf (санаи муроҷиат: 15.10.23)

4.    Садри Зиё. Наводири Зиёия / Садри Зиё; таҳияи М. Шукуров, С. Сиддиқов. – Душанбе: Адиб, 1991. – 128 с.

5.    Сиддиқов, С. Қиссаи таълифи як рубоии Савдо / С. Сиддиқов // Илм ва ҳаёт. – 1990. – №11. – С. 21-22.

6.    Тазкират-уш-шуаро / Таълифи Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам; бо тасҳеҳ ва муқаддимаи А. Ҷонфидо. – Душанбе: Дониш, 1975. – 369 + 10 с.

7.     Тазкори ашъор. Шарҳи ҳоли бархе аз шоирони муосири Тоҷикистон ва намунаҳое аз шеъри онон / Таълифи Шарифҷон махдуми Садри Зиё; ба тасҳеҳи С. Сиддиқ; бо кӯшиши М. Шакурии Бухороӣ. – Чопи аввал. – Теҳрон: Интишороти «Суруш», 1380 = 2001. – 428 с.

8.    Ткаченко, М. И я так далёк от Эксвилинского холма: О критике Гая Цильния Мецената / М. Ткаченко // Филантроп: Электронный журнал о благотворительности. – 2012. – 13-го апреля. – https://philanthropy.ru/esse/2012/04/13/7524/(санаи муроҷиат: 10.10.23)

9.    Туҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб / Таълифи Қорӣ Раҳматуллоҳ Возеҳ; матни интиқодӣ бо муқаддима ва тасҳеҳи А. Ҷонфидо. – Душанбе: Дониш, 1977. – 216 с.

10.Улуғзода, С. Аҳмади Дониш / С. Улуғзода. – Сталинобод, 1946. – 88 с.

11.Шакурӣ, М. Садри Бухоро. Чопи дувум бо тасҳеҳ, такмил ва иловаҳо / М. Шакурӣ. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 330 с.

12.Яркая, но недолгая жизнь русских литературных салонов: Ольга Муравьева – о салонных развлечениях, остроумии и этикете // Горький медиа. – 2021. – 20-го октября. –https://gorky.media/context/yarkaya-no-nedolgaya-zhizn-russkih-literaturnyh-salonov/(санаи муроҷиат: 5.10.23)

Таърихи нашр

Четверг, 16 Ноябрь 2023