0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ БАРМАКИЁН ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В.В.БАРТОЛД

Муаллиф (он)

Ҳамза Камол, (Камолов Ҳ. Ш.), Ниёзова А. Ӯ.

Чакидаи мақола

Нақши ховаршиноси маъруф, академик В.В.Бартолдро дар омӯзиши таърихи Бармакиён арзёбӣ гардида, ин олим яке аз аввалин муҳаққиқони таҳқиқи таърихи ин хонадон дар аҳди Шӯравӣ маҳсуб шудааст. Академик В.В.Бартолд хонадони Бармакиёнро аз форсиён (тоҷикон)-и Балх медонад, ки аз аҳди бостон муқими Хуросон буда, дар маъбади Навбаҳори Балх насл ба насл хидмат намуда, дар замони ислом дар эҳёи суннатҳои бостонии эрониён талошҳо карда, дар идораи хилофати Бағдод дар нимаи дувуми асри VIII усули девондории Сосониёнро татбиқ намуданд. Роҷеъ ба маъбади Навбаҳор дар Балх академик В.В.Бартолд назари хоси худро дорад ва бо такя ба ахбори манобеи таърихӣ, ба хусус ба ахбори Ибни Фақеҳ ва роҳиби хитоӣ Сюань Цзан муҳаққиқ ба хулосае меояд, ки ин маъбади буддоиён будааст. Ба назари В.В.Бартолд эрониён, ки ба дунболи пайванди хонаводаи муҳтарами эрониасл, яъне Бармакиён бо суннатҳои подшоҳони Сосонӣ буданд, бинобар ин маъбади буддоии Навбаҳорро оташкадаи зардуштӣ гуфтанд; бунёди ин маъбадро ба подшоҳони эронии даврони бостон нисбат дода, вазирони давлати Сосониёнро аз насли роҳибони бузурги он эълон доштанд. В.В.Бартолд дар мақолаҳои худ, ки ба таърих, сиёсат, иқтисод ва фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон бахшидааст, бо паймонаҳои каму беш аз хонадони Бармакӣ ёд намуда, ба ин восита дар ибтидои асри XX дар таърихнигории аҳди Шӯравӣ ба омӯзиши таърихи Бармакиён асос мегузорад.

Калидвожаҳо

В.В. Бартолд, Бармакиён, Сосониён, Сомониён, Холиди Бармакӣ, Яҳёи Бармакӣ, Фазли Бармакӣ, Ҷаъфари Бармакӣ, Ҳорунуррашид, Балх, Навбаҳор, Бағдод, Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, аҳди Шӯравӣ

Пайнавишт

1.    Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун. Таърихи Ибни Халдун. Ҷ.2. Тарҷумаи А.Оятӣ. - Теҳрон, 1383 ҳ.ш. -966 с.

2.    Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷ.2. Бо муқаддима ва тавзеҳоти М.Умаров ва Ф.Бобоев. -Теҳрон, 1380 ҳ.ш./2001. -1632 с.

3.    Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Мураттибон Ғ.Ғоибов, К.Олимов ва Н.Амиршоҳӣ. - Душанбе: Пайванд, 2012.  -736 с.

4.    Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн Байҳақӣ. Таърихи Байҳақӣ. Нашри чаҳорум. Таҳияи. Х.Хатиб Роҳбар. Ҷ.1. Теҳрон: Маҳтоб, 1374.-391 с.

5.    Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Китоби 7. Бо таҳрир, тасҳеҳи Н.Амиршоҳӣ. - Душанбе: Муассисаи давлатии сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, 2014. С.4465-5177.

6.    Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Глава I. Географический очерк Мавереннахра // Сочинения. Т. I. - Москва: Наука, 1963. - С.114-237.

7.    Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Глава II. Средняя Азия до XII века // Сочинения. Т. I. - Москва: Наука, 1963. - С.238-385.

8.    Бартольд В.В. История Туркестана. Арабское завоевание и Туркестан при Саманидах / Сочинения. Т.II. Ч.I. - Москва: Наука, 1963. С.118-126.

9.    Бартольд В.В. Статьи из «Энциклопедии ислама». Каратегин // Сочинения. Т.III. - Москва: Наука, 1965. - С.445-447.

10.Бартольд В.В. Статьи из «Энциклопедии ислама. Хазары // Сочинения. Т.V. - Москва: Наука, 1968. - С.597-601.

11.Бартольд В.В. Культура мусульманства. Персидская культура и ее влияние // Сочинения. Т.VI. - Москва: Наука, 1966. С.143-206.

12.Бартольд В.В. Статьи и рецензии. Карл Великий и Харун ар-Рашид // Сочинения. Т.VI. - Москва: Наука, 1966. - С.342-364.

13.Бартольд В.В. Статьи из «Энциклопедии ислама». Бармакиды // Сочинения. Т. VI. - Москва: Наука, 1966. - С.669-674.

14.Бартольд В.В. Статьи и рецензии. Персидская шу’убийя и современная наука // Сочинения. Т.VII. - Москва: Наука, 1966. - С.359-370.

15.Бартольд В.В. Статьи и рецензии. Рыцарство и городская жизнь в Персии при Сасанидах и при исламе // Сочинения. Т.VII. - Москва: Наука, 1966. - С.371-373.

16.Бартольд В.В. Статьи и рецензии. География ибн Са’ида // Сочинения. Т.VIII. - Москва: Наука, 1973. С.103-113.

17.Ғиёсуддин ибни Ҳумомуддин Хондамир. Таърихи Ҳабибу-с-сияр Ҷ.2. Нашри чаҳорум. - Теҳрон, 1380 ҳ.ш. -824 с.

18.Муҷмалу-т-таворих ва-л-қисас. Ба тасҳеҳи Маликушшуаро Баҳор - Теҳрон. 1318 ҳ.ш. -537 с.

19.Низамулмулк. Сиасет-наме / Перевод, введение в изучение памятника и примечания профессора Б.Н.Заходера. - Москва-Ленинград: Из-во АН СССР, 1949.-379 с.

Таърихи нашр

Четверг, 16 Ноябрь 2023